Масъалаи ташкили фонди дастгирии зиддибуҳронии сайёҳӣ баррасӣ гардид

Дар видеоконфронсе, ки бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ баргузор шуд, масъалаи ташкили фонди дастгирии зиддибуҳронии сайёҳӣ баррасӣ гардид.

Дар видеоконфронси мазкур раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ширин Амонзода, намояндагони шарикони рушд ва донорҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.

Ширин Амонзода зимни суханронии худ иброз дошт, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон субъектҳои соҳаи сайёҳӣ тариқи имтиёзҳои андозию гумрукӣ дастгирӣ шуда истодаанд.

Тазаккур дода шуд, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади коҳиш додани таъсири COVID-19 ба саноати сайёҳӣ таъсиси фонди зиддибӯҳронии дастгирии сайёҳиро пешниҳод менамояд. Фонд барои дастгирии субъектҳои соҳаи сайёҳӣ дар ҳама сатҳҳои занҷираи саноати соҳа равона карда мешавад.

Иштирокчиёни видеоконфронс оид ба ин масъала табодули афкор намуда, барои ҳамкорӣ ҳавасмандии худро иброз доштанд.