БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТИИ КУМИТА

Имрӯз, 22-юми июли соли 2020 дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази матбуотии ҷумҳуриявии АМИТ “Ховар” нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар шаш моҳи аввали соли 2020 баргузор гардид. Дар кори нишасти матбуотӣ Раиси Кумита, муовинони Раиси Кумита, Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ,  сардорони раёсат, шӯъба ва бахшҳои Кумита иштирок ва ба саволҳои хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи кишвар посух гуфтанд. Дар нишасти матбуотӣ 24 намояндаи воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ, аз ҷумла АМИТ “Ховар”, “Ҷумҳурият”, “Авеста”, “Рейтерз”, “Азия плюс”, “Фараж”, “Народная газета”, Радиои Тоҷикистон, “Садои мардум”, “Минбари халқ”, “Тоҷикистон”, Телевизиони “Тоҷикистон”, телевизиони “Сафина” “Халқ Овози”, “Мир 24” ва ғайра иштирок намуданд. Роҳбарияти Кумита дар доираи салоҳияти худ ба ҳудуди сӣ саволи хабарнигорон посухҳои қонеъкунанда доданд.