БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ШОҲМОТ ДАР КУМИТА

9-уми августи соли равон дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи ибтидоии мусобиқаи шоҳмот барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат” баргузор гардид. Дар мусобиқаи варзишии мазкур ҳашт нафар корманди Кумита иштирок намуда, маҳорати шоҳмотбозии худро санҷиданд.

Ҳамин тариқ, тибқи хулосаи комиссияи назоратӣ ҷои якумро мутахассиси пешбари Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Кумита Муслиҳиддин Хоҷамиров, ҷои дуюмро сардори шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрҳо Далер Ҷабборов ва ҷои сеюмро корманди Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросим Мансур Амиршоев ишғол намуданд. Аз рӯи тавсияи комиссия дар марҳилаи баъдии мусобиқаи шоҳмот барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат” ба намояндагӣ аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муслиҳиддин Хоҷамиров иштирок хоҳад кард.

Дар анҷоми кори мусобиқа аз ҷониби роҳбарияти Кумита ба иштирокдорони фаъол туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.