СЕМИНАРҲОИ ОМӮЗИШИИ ЯКРӮЗА ДАР МАВЗӮИ “ПЕШГИРИИ ЗӮРОВАРИИ ХОНАВОДАГӢ”

Дар доираи амалисозии Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ва Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи пешгирии хушунати хонаводагӣ (PDV) аз 10 то 14 августи соли 2020 дар шаҳри Душанбе семинарҳои омӯзишии якрӯза дар мавзӯи “Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ” баргузор гардид.

Ба семинарҳои мазкур дар маҷмӯъ ҳудуди 110 нафар сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ аз шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаро гирифта шуданд.

Дар рафти семинарҳо ба масъалаҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа, таҳкими фарҳанги оиладорӣ, пешгирии хушунати хонаводагӣ ва никоҳи бармаҳал, коҳиш додани ҷудошавии оилаҳои ҷавон, амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, тарғиби тарзи ҳаёти солим, танзими анъана ва ҷашну маросим, татбиқи амалии стратегияву барномаҳои давлатӣ оид ба пешгирии ифротгароӣ, коррупсия, нашъамандӣ, бемориҳои сироятӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Дар рафти семинарҳо ба иштирокчиён маводҳои иттилоотӣ доир ба роҳҳои пешгирии зӯроварии хонаводагӣ, аз ҷумла Дастурамал барои кормандони шуъбаю бахшҳо ва сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва ходимони динӣ, китобчаи “Роҳҳои пешгирии зӯроварии хонаводагӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва дигар буклетҳо тақдим гардид.

Мавзӯи семинар ва рафти баргузории он аз ҷониби иштирокчиён баланд арзёбӣ шуда, бо дарки муҳимияти масъалаи мазкур барои ҷомеа бори дигар таъкид карда шуд, ки ба масъалаи пешгирии зӯроварӣ дар оила ва коҳиш додани сатҳи ҷудошавии оилаҳои ҷавон ҳеҷ кас бояд бетараф набошад ва ҳама бояд кӯшиш ба харҷ диҳад, ки ҳар як кӯдак дар оилаи солим ва бидуни хушунат ба воя расад.

Рафти баргузории семинарҳо бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла фосилаи иҷтимоӣ сурат гирифта, иштирокчиён бо ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои безараргардонӣ таъмин гардиданд ва пеш аз воридшавӣ ба толор ҳарорати бадани онҳо бо ҳароратсанҷи фосилавӣ санҷида шуданд.

Дар анҷоми семинарҳо сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ доир ба тақвият додани чунин чорабиниҳои маърифатӣ изҳори андеша намуда, тавсияҳо пешниҳод намуданд, ки масъулини соҳа ва ходимони динӣ ба раванди баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, тарбияи ахлоқии фарзандон, коҳиш додани ҷудошавии оилаҳо ва пешгирии хушунати хонаводагӣ бештар ҷалб гарданд.