ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИ МАСОҶИД АЗ ҶОНИБИ ХОДИМОНИ ДИН

Имсол ходимони дини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои Сарвари давлат роҷеъ ба истифодаи ҳар ваҷаб замини корамро ба эътибор гирифта, дар назди заминҳои масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта кишти зироатҳои гуногунро ба роҳ монданд.

Тибқи маълумоти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар дар заминҳои назди масҷидҳо асосан картошка, ҷуворимака ва маҳсулоти полезӣ кишт гардида, айни замон ҷамъоварии ҳосил шуруъ гардидааст. Маҳсулоти ҷамъоваришуда асосан ба корҳои хайр сарф мешавад.