МУЛОҚОТИ ХОДИМОНИ ДИН ДАР МАВЗӮИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ВА ДИГАР ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

17-уми сентябри соли 2020 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” бо масъулини соҳа, ходимони дин ва ташкилотҳои ғайриисломӣ дар мавзӯъҳои доғи рӯз, аз ҷумла никоҳи хешутаборӣ ва оқибатҳои зиёновари он, зуроварӣ дар оила, худкушӣ, сӯиқасд ба ҷони худ, роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ (бемории сил, гепатит, ВНМО), коронавирус (COVID-19), сил ва нашъамандӣ, пешгирии қочоқ, хариду фурӯши одамон ва муқовимат ба коррупсия мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулони шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, сархатибону имомхатибон ва имомони масҷидиҳои ҷомеи марказӣ, ҷомеъ ва панҷвақтаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарон ва намояндагони ташкилотҳои ғайриисломӣ ва кормандони Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” иштирок намуданд.

Мулоқотро Фарухулло Олимзода, муовини раиси Кумита ҳусни оғоз бахшида, баргузории онро дар пешгирии бемориҳои сироятиву ҳалли масоили хонаводагӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳинокии аҳолӣ доир ба ин мавзӯъҳо ва таҳкими равобиту якҷоясозии кӯшишҳои сохторҳои дахлдор дар мубориза бо ин мушкилоти доғи рӯз саривақтиву муҳим арзёбӣ намуд.

Зимни маърӯзаи худ Абдуалим Норасов, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мавзӯъҳои осебпазирӣ ва мушкилоти хонаводагӣ, омилҳои худкуширо баррасӣ намуда, барои ҳалли онҳо дар ҷомеа тадбирҳои мушаххас пешниҳод намуд.

Ҳамзамон, Искандаршо Умаров, муовини ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа дар мавзӯъҳои марбут ба зӯроварӣ дар оила, никоҳи хешутаборӣ ва оқибатҳои зиёновари он маърӯза карда, маълумоти муфассал ва мулоҳизаҳояшро бо иштирокчиён ба миён гузошт.

Дар мавзӯи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории сил ва гепатитҳои вирусӣ Сафаралӣ Наимов, Директори иҷроияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” суханронӣ намуда, ба ҳозирин дар бораи чораҳои пешгирӣ, муроҷиати саривақтӣ ба муассисаҳои тандурустӣ, раванду риояи қатъии табобат ва дастгирии равониву эҳсосӣ ва иҷтимоии шахсони бемор иттилои фарогир дода, нақши шахсиятҳои шинохтаи ҷомеа, аз ҷумла ходимони динро дар ин самт муассир арзёбӣ намуд.

Инчунин, Эҳсон Турсунов, корманди иттилоот ва робита бо ҷомеаи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” дар мавзӯи бемории ҳамагири COVID-19, аз ҷумла доир ба тадбирҳои пешгирӣ, аломату нишонаҳои беморӣ ва дастгирии беморони коронавирус сухан ронда, аз ходимони дин даъват намуд, то дар баланд бардоштани сатҳи огоҳинокии ҷомеа дар бораи бемориҳои сироятӣ, ташвиқи ёриву дастгирии шахсони бемор боз бештар саҳми худро гузоранд.

Дар анҷоми мулоқот Фарухулло Олимзода, муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз ҷумла муқовимат ба хариду фурӯши одамон, нашъамандӣ ва коррупсияро маҳкум намуда, аз ҳозирин даъват кард, ки тавассути ҳамин гуна мулоқотҳои гуногунҷабҳа дар баррасиву ҳалли ин мушкилот боз ҳам фаъолтар бошанд.

Бояд зикр намуд, ки ба иштирокчиёни мулоқот аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” як теъдод маводҳои иттилоотӣ дар бораи хатари савдои одамон ба ҷомеаи имрӯза, бемориҳои сил ва коронавирус тақдим карда шуд ва дар назар аст, ки чунин мулоқотҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар идома хоҳанд ёфт.