ҶАМЪОМАД ДОИР БА ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ МУБОРИЗА БО ГАРДИШИ ҒАЙРИҚОНУНИИ МАВОДИ МУХАДДИР ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

23-юми сентябри соли равон тибқи нақша ва бо мақсади татбиқи Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2013-2020 дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии хониши идоравӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозоралӣ Сафарализода ва Фирӯза Муродзода, инчунин роҳбарият ва кормандони Кумита иштирок намуданд.

Зимни чорабинӣ намояндагони мақоми ваколатдор доир ба вазъи имрӯза ва дурнамои барномаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар маърӯза намуданд. Дар поёни чорабинӣ миёни намояндагони Агентӣ ва кормандони Кумита табодули афкор сурат гирифт.