ТАҚДИМИ КУМАКҲОИ ХАЙРИЯВӢ БА БОШАНДАГОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ ҚУБОДИЁН

30-юми октябри соли ҷорӣ аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷамоати деҳоти  20- солагии Истиқлолияти ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон кумакҳои хайриявӣ расонида шуд. Кумаки мазкур аз маводи хӯрока ва либосҳои зимистонӣ иборат мебошад.

Зимнан, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарпарасти мактаб-интернати мазкур ба ҳисоб рафта, пайваста барои таъмини шароити зисти бошандагони мактаб-интернат саҳмгузор мебошад.