БАРГУЗОРИИ ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

Имрӯз дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона баргузор гардид. Дар ҷамъомади мазкур роҳбарияту кормандони Кумита, инчунин кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Дар чорабинӣ нахуст Ноиби Президенти Академияи милли илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Ҳайати мушовараи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Муҳаммад суханронӣ намуда, таҷлили Рӯзи Президентро ҳамчун нишони қадрдонӣ аз хидматҳои пайвастаи Роҳбари давлат дар самти таъмини суботи сиёсиву иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Дар идомаи ҷаласа кормандони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Кумитаи кор бо занон ва оила аз эҷодиёни шоирони муосир дар васфи Пешвои миллат шеърҳо қироат намуданд. Ҷамъомади тантанавӣ бо табодули афкор перомуни фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.