ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМ ДАР КУМИТА

Имрӯз дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Парчам чорабини идона баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони Кумита, роҳбарият ва кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Суди конститутсионӣ ва Маркази миллии қонунгузорӣ иштирок намуданд.

Дар оғози ҷамъомад Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода доир ба нақши Парчам дар давлатҳои миллӣ суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки имрӯз барои ҳар ҳамватани мо Парчами Тоҷикистон ифодакунандаи мақсаду ормонҳои миллат мебошад.

Дар идома муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррухулло Олимзода суханронӣ намуда, иброз дошт, Парчами миллии Тоҷикистон ҳамчун рамзи ифтихорофаринест, ки миллату давлат дар симои он таърихи ибратомӯзи гузашта ва роҳи рушди минбаъдаи худро мебинад.

Дар рафти чорабинии тантанавӣ намояндагони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маърӯза намуданд. Чорабинӣ бо табодули назари иштирокдорон перомуни нақи Парчам ва зарурати ҳифзу гиромидошти он ба анҷом расид.