САФАРИ КОРИИ РАИСИ КУМИТА БА НОҲИЯИ САНГВОР

Оғози ҳафтаи равон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 декабри соли 2020 Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода ба ноҳияи Сангвор сафари корӣ анҷом дод. Дар ҷараёни сафари корӣ Раиси Кумита дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия роҷеъ ба масоили гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ бо сокинон мулоқотҳо анҷом дод. Мавзӯи меҳварии мулоқотҳоро истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, риояи қоидаҳои зидисухторӣ, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизотҳои барқии серхароҷот, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ, ташкили маъракаҳои ниҳолшинонӣ ва ярмаркаи ниҳолфурушӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои ёрирасони шаҳрвандон, гармхонаҳо ва захираи озуқа дар ҳар як оила, риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва ғайра ташкил дод.  

Раиси Кумита Сулаймон Давлатзода, ки роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор мебошад, рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2020-умро дар муқоиса ба соли 2019 таҳлил намуда, барои пешбурди корҳои созандагӣ  дар соли вазифагузорӣ намуд.