ВОКУНИШ БА МАТЛАБИ РАДИОИ “ОЗОДӢ”. НАЗАРИ ЧАНД КАС НИШОНДИҲАНДАИ РАЪЙИ АКСАР НЕСТ!

Бо мақсади татиҷагирӣ аз татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тақрибан ҳамасола назарсанҷӣ баргузор мегардад. Табиист, ки дар ҳар назарсанҷӣ пешниҳодҳои гуногун ба назар мерасанд.

Ахиран дар сомонаи радиои “Озодӣ” матлабе зери унвони “Пешниҳоди хатнасур ва додани таом дар маросими дафн. Қонуни танзимро тағйир медиҳанд?” ба нашр расид, ки дар асоси далелҳои носанҷида ва ғайривоқеӣ омода шудааст. Аввалан, дар сарлавҳаи матлаб суол гузоштан, ки “Қонуни танзимро тағйир медиҳанд?” боиси ҳадсу гумонҳои зиёд мегардад. Нуктае, ки расонаи мазкур аз қавли ба истилоҳ “ду манбаи муътамад”-и худ баён доштааст, гӯё сокинони кишвар асосан дархости иҷозаи додани таом дар маросими азодорӣ ва баргузории маросими хатнасурро кардаанд. Дар ҳоле ки тибқи натиҷаҳои пешакии назарсанҷӣ чунин пешниҳодҳо фоизи камтарини дархосту пешниҳоди мардумро ташкил медиҳанд, ин нуктаро ҳамчун ифодаи раъйи аксар талаққӣ додан кори дурусте нест. Аз ин лиҳоз, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сароҳатан баён медорад, ки ба роҳ мондани назарсанҷӣ миёни сокинон як кори маъмулии нақшавист, ки ҳамасола анҷом дода мешавад. Кумита ҳамчун мақоми ваколатдор дар самти татбиқи қонуни мазкур ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма мебошад.

Маркази матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон