ВОКУНИШ БА РӮЗНОМАИ "СССР". ШУМО НАМЕТАВОНЕД!

Зиёда аз 13 сол инҷониб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар кишвари мо рисолати худро анҷом дода истодааст.

Тавре дар моддаи  1-уми Қонун мехонем:

“Мақсади қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатњи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст”.

Тӯли 13 сол Қонуни миллӣ дар самти боло рафтани сатҳи зиндагии шаҳрвандон таъсири мусбат гузошт. Аммо, мутассифона, баъзе ҷонибҳо ҳанӯз ҳам талоши нодида гирифтани чунин дастовардҳоро мекунанд. Рӯзномаи «СССР»  аз ҳамин қабил мебошад. Рӯзномаи мазкур дар матлабе иқдоми Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пурсиши афкори ҳамватанон вобаста ба татбиқи қонунро мавриди интиқод қарор дода, онро ба истилоҳи худи рӯзнома «ради галочка» хондааст.

Ишораи маънидори дигари ин рӯзнома он аст, ки гӯё хабари ин назарсанҷиро аз «расонаи хориҷӣ» хондаанд. Агар ҷараёни назарсанҷиро намояндагони «расонаи миллӣ» нодида гиранд, табиист, ки онро «расонаи хориҷӣ» инъикос мекунад.

Аммо баргардем ба асли матлаб, ки боиси навишта шудани ин вокуниш гардидааст. «СССР» менависад: «Вале мо мутмаинем, ки Танзими маъракаҳоро дар аксари маврид мардум қабул надорад».

Ҳоло як нукта барои мо норӯшан аст. Қонун бо пешниҳоди Президент ва бо дарназардошти раъйи беш аз 200 ҳазор сокини кишвар қабул мегардаду беш аз 13 сол амалӣ мешавад! Аммо аз куҷое нафараке пайдо мешаваду бо забони дароз изҳори итминон мекунад, ки мардум ин қонунро қабул надорад.  Ин ҳама боварӣ аз куҷост? Маълум аст, ки аз худхоҳиву манманӣ!

Маълум аст, ки Шумо наметавонед!

Маркази матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон