МАҶЛИСИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "АДЛ ВА ИНСОФ"

Имрӯз, 15-уми январ дар ташкилоти ибтидоии “Адл ва инсоф”-и Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси Кумита Фаррухулло Олимзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода, мудири шуъбаи умумии Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ Дилбар Абдураҳимова ва кормандони Кумита маҷлиси ҷамъбастии солонаи ҳизбӣ доир гардид.

Сараввал ҳисоботи солонаи ташкилоти ибтидоӣ шунида шуд. Тазаккур дода шуд, ки аъзои ташкилот дар чорабиниҳои сиёсӣ иштироки фаъолона дошта, ба сифати мушоҳидони миллӣ дар интихоботҳои баргузоршуда иштирок намудаанд. Дар идомаи чорабинӣ мудири шуъбаи умумии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Маркази ҲХДТ Дилбар Абдураҳимова баромад намуда, оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани мавқеъ ва нуфузи ҲХДТ дар ҷомеаи кишвар, омодагӣ ба маъракаҳои муҳими сиёсӣ, сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи якпорчагии марзу буми Ватан ва амсоли суханронӣ намуд.

Зулфиқор Гулаҳмадзода роҷеъ ба фаъолияти созандаву муваффақонаи ҲХДТ дар низоми идоракунии давлат, тарғиби идеологияи миллӣ, татбиқи барномаҳои ҲХДТ, таҳкими давлатдории миллӣ, ваҳдатгароӣ, хештаншиносӣ, пешгирии гароиши ҷавонон ба равияҳои номатлуб ва масоили дохилиҳизбӣ сухан кард.

Дар интиҳо ба як қатор аъзоёни ба тозагӣ ба сафи ҳизб қабулшуда дар лаҳзаи тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, як қатор фаъолон бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд.