НАТИҶАИ НАЗАРСАНҶӢ ДОИР БА ТАТБИҚИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Пурсишномаи таҳқиқоти сотсиологии дастовардҳои

Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳури Тоҷикистон»

 

Қайд кардан бамаврид аст, ки пурсишномаи мазкур дар ҳудуди 10 ҳазор аз тарафи Кумита тартиб дода шуда, аз санаи 03 то 05 декабри соли 2020 кормандони Кумита ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати гузаронидани таҳқиқоти сотсиологӣ ва гирифтани назари шаҳрвандон сафари хидматӣ намуданд. Бинобар фурсати кам ва теъдоди зиёди пурсишнома 3 ҳазор аз он аз ҷониби Кумита таҳлил гардида, аз ин миқдор 1665 нафар (55%)-и мусоҳибонро мардон ва 1335 нафар (45%)-ро занон ташкил доданд.

 

Диаграммаи №1: Ҷинсият

 

 

Аз рӯи синну сол бошад, пурсидашудагон аз 18 то 35 сола 1326 нафар (44%) ва аз 35-сола боло 1674 нафар (56%) шаҳрвандонро дар бар гирифт.

 

Диаграммаи №2: Синну сол

Дар назарсанҷии мазкур аз рӯи 6 пурсиши меҳварӣ вобаста ба муносибат ва нигоҳи шаҳрвандон ба Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳури Тоҷикистон» аҳаммият дода шуда, дар охир пешниҳодҳо ҷиҳати беҳбудии амалишавии он низ дар назар гирифта шуда буд.

Натиҷаи таҳқиқот вобаста ба муносибати шаҳрвандон новобаста аз синну сол ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» баёнгари он аст, ки 91,9% (2757 нафар) онро дастгирӣ намуда, 3,4% (102 нафар) шаҳрвандон дастгирӣ нанамуда, 2,1% (63 нафар) мусоҳибон бетараф буда ва 2,6 (78 нафар)-и онҳо посух надодаанд.

 

Диаграмаи №3: Муносибати шаҳрвандон ба Қонуни танзим

Вобаста ба таъсири Қонуни мазкур ба буҷаи хонаводаҳо пурсидашудагон аксаран нақши онро мусбат арзёбӣ кардаанд. Аз ҷумла, 55,53% (1953 нафар) таъсири мусбат ба сатҳи зиндагии мардум гузоштани онро зикр намуда, 26,87% (945 нафар) беҳтар гардидани имкони пасандози шаҳрвандонро интихоб намуда, 11,20% (394 нафар) нақши онро дар бобати ба таҳсил фаро гирифтани фарзандон мусбат дониста, 4,04% (142 нафар) мусоҳибон ба назар нарасидани тағйироти мусбатро дар ин замина қайд карданд ва 2,36% (83 нафар)-и боқимонда фоида надидан ва баръакс бадтар шудани вазъро вобаста ба ин самт баён доштаанд.

 

Диаграммаи №4: Таъсири Қонуни танзим ба буҷаи ҳар як оила

                         

Аз натиҷаи таҳқиқот вобаста ба сабабҳои иҷро нагардидани Қонуни миллӣ аз ҷониби шаҳрвандон, мусоҳибон фикрҳои гуногуни худро иброз дошта, бештари онҳо надонистани қонуни мазкурро зикр кардаанд. Барои мисол, 51,79% (1822 нафар) мусоҳибон надонистани талабот ва муҳтавои Қонуни танзимро аз ҷониби шаҳрвандон дар иҷро нагардидани он муҳим арзёбӣ намуда, 13,84% (487 нафар)-и дигар кам будани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолиро зикр намуда, 12,85% (452 нафар) пурсидашудагон риоя нагардидани онро аз ҷониби мансабдорон, хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон қайд намуда, 12% (422 нафар) амалӣ нашудани онро дар хешутаборбозиву ошнобозӣ дониста, 6,28% (221 нафар) омили ҷой доштани фасодкориро зикр кардаанд ва 3,24% (114 нафар) бошад дар ин замина назари худро иброз нанамудаанд.

 

Диаграммаи №5: Сабабҳои иҷро нагардидани Қонуни танзим

 

Ёдоварӣ кардан бамаврид аст, ки пурсидашудагон вобаста ба нақши Қонуни танзим дар самти ба низом даровардани маросим, аз ҷумла маросими се, ҳафт, чил ва сол бисёр мусбат буда, нигоҳи нек ба онро баён мекунад. Дар ин самт, 46,16% (1385 нафар) таъсири онро олӣ дониста, 34,93% (1048 нафар) хуб зикр карда, 13,16% (395 нафар) миёна, 3,93% (118 нафар) таъсири онро бад арзёбӣ карда ва 1,8% (54 нафар) бошад аслан таъсири мусбати онро қабул накардаанд.

Диаграммаи №6: Татбиқи Қонуни танзим аз соли 2007 дар самти ба низом даровардани маросим, аз ҷумла маросими азодории се, ҳафт, чил ва сол

Омили таассуб, худнамоӣ ва хурофот нақши манфӣ дар ваҳдати маънавии ҷомеа мегузорад. Қабул шудан ва амалӣ гардидани саривақтии Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳури Тоҷикистон» то андозае нақши мусбат дар пешгирии падидаҳои номатлуби зикршуда дорад. Мусоҳибон низ таъсири мусбати Қонуни мазкурро дар пешгирии таассуб, худнамоӣ ва хурофот ҷонибдорӣ намудаанд. Аз ҷумла, 76% (2272 нафар)-и мусоҳибон нақши онро мусбат арзёбӣ намуда, 15% (469 нафар) манфӣ ва 9% (259 нафар) бошад назари худро иброз надоштаанд.

 

Диаграммаи №7: Таъсири Қонуни танзим дар самти пешгирии таассубу,

                                худнамоӣ ва хурофот

 

Дар асри пешрафту иттилоот омили вақт ва фарҳанги истифодаи беҳтар аз он  нақши муҳим дар рушду тавсеаи ҷомеа ва дар маҷмӯъ кишвар дорад. Вобаста ба ин, ҷудо гардидани вақти муайян барои баргузории маросим ва маъракаҳо низ дар ташаккул додани фарҳанги мазкур нақши мусбати худро дар дарозмуддат дорад. Аз ин рӯ, аз ҷониби мусоҳибон таъсири Қонуни танзим дар боло рафтани фарҳанги сарфакорона истифода бурдани вақт ҳангоми баргузории маросиму маъракаҳо ҷонибдорӣ гардидааст. Барои мисол, 80,27% (2408 нафар)-и пурсидашудагон таъсири мусбати онро дар боло рафтани фарҳанги мазкур қайд намуда, 11,8% (354 нафар) таъсири онро манфӣ дониста ва 7,93% (238 нафар) бошад, фикри худро баён накардаанд.      

 

Диаграммаи №8: Таъсири Қонуни танзим дар боло рафтани фарҳанги сарфакорона истифода бурдани вақт ҳангоми баргузории ҷашну маросим

 

 

 

 

 

 

Аз натиҷаҳои назарсанҷии умумӣ вобаста ба дастовардҳо ва роҳҳои беҳтар амалӣ ва татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳури Тоҷикистон»  бармеояд, ки бештари шаҳрвандон новобаста ба ҷинсият ва синну сол онро дастгирӣ намуда, нақши онро дар боло рафтани сатҳи зиндагии мардум, инчунин аз байн рафтани таассубу хурофот ва ташаккули фарҳанги сарфакорӣ муҳим арзёбӣ намудаанд.