АФШИНИ МУҚИМ – КОТИБИ МАТБУОТИИ КУМИТА

Дар асоси Фармоиши Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2014 Афшини Муқим ба вазифаи котиби матбуотии Кумита таъйин гардид.
Афшини Муқим то таъйин гардиданаш ба вазифаи котиби матбуотии Кумита дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2011-2012) ва Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Афшини Муқим 16-уми феврали соли 1992 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шуда, баъди мактаби миёна факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси шарқшинос-филолог (филологияи араб) хатм намудааст.
Забонҳои русӣ, арабӣ ва англисиро медонад.