ИЗҲОРОТИ КУМИТА ДАР МАВРИДИ БОЗДОШТИ САРХАТИБИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ АБДУЛҲАҚ ОБИДОВ

Тибқи иттилои шӯъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Ваҳдат  як гурӯҳ сокинони шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ, аз ҷумла сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ба номи Имоми Аъзами ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Абдулҳақ Обидов бо иттиҳоми алоқамандӣ бо ҷараёни экстремистии “Салафия”,  ки фаъолияти он дар Тоҷикистон манъ карда шудааст,   боздошт  гардидаанд.  

Гузашта аз ин, дар асоси маълумоти мақомоти мазкур боздошти сархатиб ба суханрониаш дар маросими ҷанозаи марҳум Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ ҳеҷ иртиботе надорад.

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хоҳиш менамояд, ба ҳар гуна сару садоҳо, ки суханронии Абдулҳақ Обидов дар маросими ҷанозаро ҳамчун омили боздошт маънидод мекунанд, дода нашаванд.