ҲАМОИШИ “НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР 30 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ: ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО” БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз, 13-уми июл ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонон зери унвони «Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо» баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур роҳбарияти кумитаҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин кормандони ҷавони соҳаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим иштирок намуданд.

Иштикрокдорони ҳамоиш вобаста ба дастоварду мушкилоти соҳа дар 30 соли замони соҳибистиқлолӣ суханронӣ ва табодули афкор намуданд.

Дар анҷоми ҳамоиш кормандони фаъоли Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд.