«ШИКАСТИ ТИЛИСМ». КИТОБИ НАВИ АЗИЗУЛЛО МИРЗОЗОДА БА НАШР РАСИД

Бахшида ба истиқболи 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби тозанашри муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Мирзозода таҳти унвони «Шикасти тилисм» ба дасти хонанда расид. Китоби мазкур фарогири маҷмӯи мақолаҳо доир ба  танзими анъана ва ҷашну маросим мебошад, ки тайи чанд соли фаъолият аз ҷониби муаллиф дар нашрияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба табъ расидааст.

Хонанда метавонад зимни мутолиаи китоби мазкур бо раванди пуршебу фарози амалишавии яке аз қонунҳои муҳими миллӣ- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 8 - уми июни соли 2007 қабул гардида буд, ошноии бештаре пайдо намояд.

Муаллиф дар китоби мазкур натиҷаҳои пурсамари Қонуни миллиро ба таври возеҳ рӯи коғаз овардааст. Китоб ба доираи васеи хонандагон тавсия мешавад.