ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Имрӯз кормандони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишварро ба таври дастаҷамъона тамошо намуданд.

Баъд аз тамошои Паёми Сарвари давлат роҳбарияти Кумита дар муолқот бо кормандон таъкид доштанд, ки Паёми Пешвои миллат як барномаи мукаммали корӣ буда, бояд ҳар як хизматчии давлатӣ дар фаъолияти минбаъдаи худ барои иҷрои саривақтии дастуру супоришҳое, ки ба самти фаъолияти Кумита рабт доранд, ҷаҳду талош варзад.