БА МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН КУМАКИ МОДДӢ РАСОНИДА ШУД

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа, махсусан ятимону бепарасторон дар арафаи Соли нав аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 35 нафар ятими кулли Мактаб-Интернати ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Қубодиён кумаки моддӣ расонида шуд. Кумаки моддиро, ки аз орд, шакар, равған ва туҳфаҳои солинавӣ иборат буд, намояндагони Кумита ба тарбиятгирандагони мактаб-интернат тақдим намуданд. Бо истифода аз фурсат, намояндагони Кумита бо вазъи шароити будубош ва имкониятҳои ҷории тарбиятгирандагон аз наздик шинос шуданд.

Зимнан, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарпарастии мактаб-интернати мазкурро ба зимма дошта, дар арафаи идҳои расмӣ ба тарбиятгирандагони он дасти кумак дароз мекунад.