Барномаи дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030

 

Замимаи 1

Бо фармоиши Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 октябри соли 2021, №138 тасдиқ шудааст.

 

 

Барномаи

дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ дар Кумитаи дин, танзими

анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон барои давраи то соли 2030

 

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

1. Барномаи дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (минбаъд – Барнома) ба баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва паст намудани шиддати коррупсия дар кишвар нигаронида шуда, бо мақсади иҷрои банди 1 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.

2. Барнома ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 асос ёфта, ҳадафҳо, принсипҳо, афзалиятҳо ва тадбирҳо ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар соҳаи фаъолияти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Кумита) - ро муайян менамояд.

3. Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, ҷиҳати муқовимат ба коррупсия ва ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ мунтазам чораҳои мақсаднок роҳандозӣ шуда истодааст.

4. Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта то ин муддат ду санади барномавии дурнамо, аз ҷумла бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» қабул карда шуданд.

5. Муҳлати амали «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 тасдиқ карда шудааст, ба итмом расид. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар давраи амалисозӣ Стратегияи мазкур барои паст кардани шиддати коррупсия ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

6. Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (минбаъд – Стратегия) ҳамчун барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ба ҳисоб рафта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешавад.

7. Чорабиниҳои дар Стратегия пешбинишуда ба меъёр ва принсипҳои қонунгузории миллӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таҳлили вазъи ҷинояткорӣ ва пешгӯии раванди он, натиҷаҳои тадқиқотҳои илмию амалияи муқовимат ба коррупсия, таҷрибаи амалҳои муштарак, ки аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод шудаанд, асос ёфтааст.

 

БОБИ 2. МАҚСАД, ВАЗИФА ВА ПРИНСИПҲО

 

8. Мақсад ва вазифаи асосии амалисозии Барнома аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмӯъ, паст намудани шиддати коррупсия дар кишвар иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шудааст.

9. Барои амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои болозикр чунин тадбирҳо роҳандозӣ карда мешаванд:

- муайян намудани роҳҳои муосири пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия;

- баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти муқовимат ба коррупсия ва дар ин замина фароҳам овардани шароити тоқатнопазирии ҷомеа бо падидаи коррупсия;

- тақвияти низоми ҳамоҳангсозии мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат ба коррупсия;

- баланд бардоштани самаранокии тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ ва фаъолияти Кумита дар ин самт.

10. Принсипҳои асосии Барнома аз инҳо иборат мебошанд:

- қонуният;

- афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

- ошкорбаёнӣ ва шаффофият;

- ба назар гирифтани афкори ҷомеа;

- эътирофи коррупсия ҳамчун хатари асосӣ ба амнияти миллӣ;

- истифодаи маҷмӯи чораҳо дар муқовимат ба коррупсия.

 

 

БОБИ 3. САМТҲОИ АСОСИИ СТРАТЕГИЯ

 

§1. Тақвият бахшидани муқовимат ба коррупсия дар соҳаҳое, ки

фаъолияти онҳо аз нигоҳи коррупсия осебпазир маҳсуб меёбанд

 

11. Мутобиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия яке аз вазифаҳои давлат ва мақомоти давлатӣ мусоидат, қабул ва таҳкими чораҳои пешгирии судманд бар зидди коррупсия мебошад.

12. Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия як қатор чораҳои  зиддикоррупсиониро муайян мекунад, аз ҷумла:

- ташаккули низоми қабул ба кор, интихоб, болоравӣ дар хизмат, адои хизмат ё рухсат кардани хизматчиёни давлатӣ, шахсони дигари ба вазифаҳои давлатӣ таъин ё интихобшаванда, ки ба принсипҳои самаранокӣ, шаффофият ва фаъолияти бенуқсон, адолатнокӣ ва қобилият асос меёбад;

- коркарди расмиёти зарурии интихоб ва омода намудани кадрҳои ба ишғоли мансабҳои давлатӣ, ки махсусан аз нигоҳи коррупсия осебпазир мебошанд ва дар ҳолати мавҷудияти асосҳо анҷом додани ҷойивазкунии онҳо;

- мусоидат ба татбиқи барномаҳои маърифатӣ ва таълимӣ, ки ба кодексҳо ё меъёрҳои рафтор асос меёбанд;

- таъмини иҷрои дуруст ва муносиби вазифаҳои хизматӣ ва амиқ дарк кардани хавфҳои вобаста ба коррупсия, ки ба фаъолияти онҳо дахл доранд.

13. Ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои суиистифодаи ваколатҳои хизматӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» барои хизматчиёни давлатӣ як қатор чораҳои зиддикоррупсионӣ муқаррар  гардидаанд.

14. Баҳри тақвият бахшидани муқовимат ба коррупсия амалисозии чорабиниҳои зерин мувофиқи мақсад дониста мешавад:

- такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба муқовимат ба коррупсия ва таъмини самаранокии иҷрои онҳо;

- баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионии   хизматчиёни давлатӣ;

- таъмини иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди муқовимат ба коррупсия;

- ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар фаъолияти Кумита ва зерсохторҳои он дар маҳалҳо;

- таҳлили соҳавии хавфҳои коррупсия ва бартараф намудани бархӯрди манфиатҳо дар хизмати давлатӣ;

- татбиқи босамар ва мақсадноки маҳдудиятҳо, мамониату уҳдадориҳои дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайяншуда бо мақсади пешгирии коррупсия нисбати шахсоне, ки мансабҳои давлатиро ишғол менамоянд;

- баланд бардоштани сифати омодагии касбии мутахассисон дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия;

- ташкил ва таъмини механизми озмун барои қабул ба хизмати давлатӣ дар Кумита ва дар ин ҷараён таъмин намудани принсипҳои воқеъбинӣ ва беғаразӣ;

- такмили механизми гузаронидани ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ бо мақсади пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ дар Кумита;

- татбиқи талаботи нақшаи чорабиниҳои Кумита дар самти муқовимат ба коррупсия ва идомаи ислоҳоти музди меҳнат дар низоми хизмати давлатӣ.

15. Маълумоти оморӣ, муроҷиатҳои хаттиву шифоҳии шаҳрвандон, пурсиши афкори ҷомеа, таҳлил ва сарчашмаҳои дигари зарурӣ нишон медиҳанд, ки ба ғайр аз соҳаҳои дар Стратегия овардашуда, мавҷудияти хавф, омил ва ҳолатҳои коррупсионӣ ҳамчунин дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва соҳаҳое дигаре, ки ба шаҳрвандон хизматрасонии гуногунро мерасонанд, афзалият доранд.

16. Дар ин замина, зарур аст, ки сарчашма ва сабабҳои пайдоиши  ҳолатҳои коррупсионӣ дар соҳаҳои фаъолияти мақомоти ваколатдораи давлатӣ оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросим муайян гардида, ҷиҳати коҳиш ва бартараф кардани онҳо чораҳои зарурии пешгирикунандаи хавфу омилҳои коррупсиониро роҳандозӣ карда шавад.

 

§2. Иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иттиҳодияҳои динӣ дар раванди муқовимат ба коррупсия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ

 

17. Муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъона буда, мақомоти давлатӣ дар якҷоягӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонанд ба паст кардани шиддати он мусоидат намоянд.

18. То имрӯз дар кишвар як қатор ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати амалӣ намудани чораҳои пешгирикунанда, аз қабили тарғиботу ташвиқоти зиддикоррупсионӣ таъсис дода шуда, онҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ дар самти омӯзиш ва баҳогузории масоили коррупсия дар байни ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми худро гузошта истодаанд  ва дар ин самт тақозо карда мешавад, ки ҳар чӣ бештар иштироки онҳо дар раванди қабули барномаҳо ва нақшаи чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ таъмин карда шавад.

19. Иттиҳодияҳои динӣ дар самти тарғиботу ташвиқоти зиддикоррупсионӣ нақши хеле муҳим доранд ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ин самт ба паст кардани шиддати коррупсия мусоидат карда метавонад.

20. Иттиҳодияҳои динӣ ва маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”-и Кумитаро зарур аст, ки дар таҳия ва пешкаши аҳолӣ гардонидани маводи зарурӣ вобаста ба оқибатҳои вазнини ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ фаъолона ширкат намоянд. Дар ин радиф, нашри мақолаҳои тарбиявиву омӯзишӣ дар соҳаи муқовимат ба коррупсия дар рӯзномаву маҷаллаҳои кишвар аз ҷониби масъулини соҳаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим мунтазам ба роҳ монда мешавад.         

21. Дар замони рушди босуръати илму технология шабакаи интернет яке аз воситаҳои асосии паҳнкунандаи иттилоот буда, шумораи зиёди истифодабаранда дорад. Аз ин рӯ, аз ҷониби маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”-и Кумита бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ тариқи сомонаҳои расмӣ пурзӯр карда мешавад. 

22. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари ҷиноятҳои коррупсионии бақайдгирифташудаи солҳои охир, ки дар онҳо яке аз тарафҳо шаҳрвандон мебошанд, аз надонистани қонунгузории зиддикорррупсионӣ дар кишвар содир карда шудаанд. Ба мақсад мувофиқ аст, ки тавассути чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, огоҳсозӣ аз оқибатҳои коррупсия ва роҳҳои дигари самарабахш сатҳи маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ баланд бардошта шуда, ҳамкории мутақобилаи судманд байни мақомоти давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва қишрҳои дигари ҷомеа ба роҳ монда шавад.

 

§3. Ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ ҷиҳати

бартараф намудани омилҳои инсонӣ

 

23. Дар тасаввури умум иҷрои талаботи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон як низоми коргузории электронист, ки танҳо ба хизматрасониҳои давлатӣ маҳдуд мешавад. Вале дар асл он дар маҷмӯъ барои сохтани ҷомеаи иттилоотӣ ва низоми муайяни иттилоотӣ дар кишвар равона карда шуда, барои чунин шакл гирифтани муносибатҳои ҷамъиятӣ замина мегузорад ва бештар аз ҳама иштироки инсонро дар муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки ҳамчун омили инсонӣ дар зуҳури амалҳои коррупсионӣ шароит ба вуҷуд меоварад, коҳиш ва бартараф менамояд.

24. Афзалияти ҳукумати электронӣ зиёд буда, дар умум як коргузории муосирро ба миён меорад ва Ҳукумати кишвар гузаштан ба ин навъи муосири хизматрасониро пеш гирифтааст. Дар марҳилаи имрӯза бо истифода аз усулҳои ҳукумати электронӣ ҳарчӣ васеътар ҷорӣ намудани коргузорӣ ва ба сатҳи сифатан нав бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад.

25. Ҳукумати электронӣ низоме мебошад, ки ҳамаи мақомоти давлатиро муттаҳид намуда, ба онҳо шароит фароҳам меоварад ва бо истифода аз шабакаи компютерӣ гардиши ҳуҷҷатҳои электронии байниидоравиро таъмин месозад, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ хизматрасониҳои давлатӣ пешниҳод мекунад ва ё арзу шикоятҳои онҳоро сари вақт баррасӣ менамояд.

26. Дар меҳвари консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ иттилоот қарор дошта, самтбахши тариқи иттилоъ яке аз ҳадафҳои марказии он ба ҳисоб меравад ва ба таъмини маълумоту иттилооти электронию виртуалӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Ин Консепсия як ҷузъи муҳимми иттилоърасониро ба миён оварда, метавонад дар пешрафти муносибатҳои нави иттилоотӣ саҳм бигирад. Дастрасии шаҳрвандон ба маълумоту иттилооти расмӣ асосан тариқи интернет ва воситаҳои дигари телекоммуникатсионӣ сурат мегирад.

27. Тадриҷан кам намудани муносибати бевоситаи шаҳрвандон бо шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ буда, ин раванд метавонад ба кам шудани омилҳои коррупсионӣ, поймол нашудани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, ба сарфа гардидани маблағҳои буҷетӣ ва худи шаҳрвандон, суръат гирифтани иҷрои корҳо, сари вақт гирифтани маълумоту иттилооти зарурӣ ва омилҳои дигари мусбӣ мусоидат намояд. 

28. Ташкил ва ба роҳ мондани ҳукумати электронӣ яке аз роҳҳои муосири муқовимат ба коррупсия эътироф карда шуда, тақвияти фаъолияти Кумита дар доираи консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ ба мақсад мувофиқ аст.

 

§4. Экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои

меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо

 

29. Дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ пурра ислоҳоти ҳуқуқӣ гузаронида шуд. Дар баробари пешрафти соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вазъи ҷомеа низ тағйир ёфта, барои ба танзим даровардани муносибатҳои муҳимми ҷамъиятӣ зарурати қабули санадҳои нав ва ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда пеш меояд.

30. Васеъ будани амалия аз назария ва вазъи тағйирёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба пешрафти ҷаҳони муосир имкон намедиҳад, ки қонунгузор ҳамаи нозукиҳои муносибатҳои ҷамъиятиро дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мукаммал, бидуни ихтилофҳои меъёрӣ, расмиёти маъмурӣ ва намудҳои дигари осебпазир пешбинӣ намояд.

31. Яке аз сабабҳои пайдо шудани омилҳои коррупсионӣ ин аз номукаммал будани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ буда, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии босифат ва асоснок тақозои замон мебошад. Зеро  муносибатҳои муҳимми ҷамъиятӣ тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим дароварда шуда, ҳаматарафа ва мушаххас намудан, шаффоф будан, сода ва фаҳмо ифода ёфтани меъёрҳои он кафолати таъмини қонуният буда, низоми давлатдориро мустаҳкам мегардонад.

32. Новобаста аз он ки дар ҷараёни қонунгузорӣ заминаҳои ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия фароҳам оварда шудаанд, ҳанӯз дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, яъне сода ва фаҳмо ифода намудани мафҳумҳо, риояи ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои дигар, ҳифзи манфиатҳои давлат, ҷомеа ва шаҳрвандон, роҳ надодан ба такрор намудани вазифа ва функсияҳои сохторҳои дигари давлатӣ, роҳ надодан ба манфиатҷӯӣ ва пешниҳоди имтиёзҳои гуногун ба субъектони алоҳида норасоиву ихтилофоти меъёрӣ ҷой дошта, онҳо бояд танҳо бо роҳи гузаронидани экспертизаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бартараф карда шаванд.

33. Мониторинги татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия муайян намуд, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда низ омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия мавҷуд буда, дар ин асно зарур аст, ки экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқии мазкур ва лоиҳаҳои онҳо бояд тақвият бахшида шавад.

34. Дар ин замина, фаъолияти Кумита дар самти таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии дохилиидоравӣ тақвият бахшида шавад.

 

§5. Тақвият бахшидани таҳлили хавфҳои коррупсионӣ

 

35. Дар қатори чорабиниҳои дигаре, ки дар маҷмӯъ ҷиҳати муқовимат ба коррупсия пешбинӣ карда шудаанд, нақши муҳимро чораҳое дар бар мегиранд, ки онҳо бо мақсади пешгирӣ кардани коррупсия ва ошкору аз байн бурдани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда равона карда мешаванд.

36. Барои пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, пеш аз ҳама, сарчашмаи пайдоиши он бояд муайян ва ошкор карда шавад. Зеро бидуни ошкор кардани сабабҳои зуҳури ҳолатҳои коррупсионӣ муқовимат алайҳи ин падидаи номатлуб мушкил мегардад. Воқеан муайян намудани сарчашма имкон медиҳад, ки паҳн ва реша давонидани ҳама гуна ҳолатҳои коррупсионӣ пешгирӣ карда шаванд.

37. Яке аз роҳҳои самарабахши ошкору муайян намудани сарчашма ва сабабҳои пайдоиши ҳолатҳои коррупсионӣ ин дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросим бо мақсади ошкор, бартараф ва ё коҳиш додани хавфу омилҳои институтсионалӣ (ниҳодӣ) мунтазам гузаронидани таҳлили фаъолият мебошад.

38. Ин раванд яке аз усулҳои самаранок ва натиҷабахши муқовимат ба коррупсия маҳсуб ёфта, бояд давра ба давра тақвият дода шавад. Зеро мавҷудияти ҳар як хавф ва ё хавфи эҳтимолии дар минбаъда падидоянда вобаста ба таъсирнокии худ метавонад ба пешрафти фаъолияти Кумита таъсири манфии худро расонида, минбаъд барои боз ҳам бартарӣ гирифтани хавфҳои ҷойдошта, зуҳур кардани хавфҳои эҳтимолӣ ва пайдо шудани хавфҳои дигари коррупсионӣ дар ҳар шаклу усул мусоидат намояд.

39. Тақвияти амалигардонии таҳлили хавфҳои коррупсионӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 тасдиқ шудааст, роҳандозӣ мегардад. Зеро дар асоси талаботи методологияи мазкур таҳлили фаъолият бояд мунтазам, зина ба зина, вобаста ба хавфҳои дар ҷараёни амалигардонии нақшаи амал ошкоркардашуда гузаронида шавад.

40. Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) ошкори хавфу омилҳои институтсионалӣ ва бартарафу коҳиш додани онҳоро дар се давра – таҳлили шароити пешакӣ, таҳлили хавфҳои коррупсионии бевосита ҷойдошта, баҳодиҳӣ ва таҳияи тавсияномаҳо ҷиҳати бартараф намудани хавфҳои ошкоргардида пешбинӣ мекунад. Бо тартиб додани нақша танҳо таҳлили фаъолият ба охир мерасад, вале дар минбаъда бо мақсади муайян намудани самарабахшии натиҷаҳои татбиқи тавсияҳо таъмини иҷрои татбиқи нақша аз нав таҳлил ва баҳо дода мешавад.

41. Аз рӯи натиҷаҳои таҳлил ва баҳодиҳии такрорӣ нақша тартиб дода шуда, бо мақсади бартараф кардани хавфҳои мавҷуда ва эҳтимолӣ, ки дар рафти азнавтаҳлилкунӣ ва баҳодиҳӣ ошкор карда мешаванд, тавсияҳо дода шуда, ба ҳамин тартиб хавфу омилҳои воқеӣ ва эҳтимолии дар ташкилоти таҳлилшаванда мавҷудбуда бо роҳи таҳия ва такмили мунтазами меъёрҳои танзимкунандаи намудҳои осебпазири фаъолият, гузоштани меъёрҳои таҳримӣ, ки ҷиҳати татбиқи амалии талаботи санадҳо равона карда мешаванд, аз байн бурдани минтақаи ноаён, бурдани назорат ҷиҳати пешгирии амалҳои инфиродӣ ва ғайраҳо батадриҷ, давра ба давра бояд бартараф ва коҳиш дода шаванд.

 

БОБИ 4. МЕХАНИЗМИ АМАЛИГАРДОНИИ БАРНОМА

 

42. Амалигардонии Барнома тавассути фаъолияти якҷояи Дастгоҳи марказии Кумита, шуъбаҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳру ноҳияҳо дар ҳамоҳангсозӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

43. Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо ба инобат гирифтани пешрафти ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва бо мақсади татбиқи пурраи ҳадафҳои дар барнома пешбинишуда ба ду марҳила тақсимбандӣ карда шуда, дар он вазифа, натиҷаҳои маъмулӣ, муҳлати иҷро ва иҷрокунандагони чорабиниҳо пешбинӣ карда шудааст.

44. Барои давра ба давра амалисозии Барнома барои ҳар як сол дар Кумита нақшаҳои кории дохилиидоравӣ ҷиҳати амалисозии Стратегия таҳия ва тасдиқ карда мешавад. Бо мақсади таъмини иҷрои Барнома дар нақшаҳои кории дохилиидоравӣ доир ба амалисозии бандҳои он муҳлати иҷро ва шахсони масъул ба таври дақиқ ва мушаххас муайян карда мешаванд.

45. Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ, ки барои ҳар як сол таҳия мегардад, бояд ба нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия мутобиқ бошад ва чорабиниҳоеро дарбар гирад, ки Кумита дар таъмини иҷрои он аз рӯи самти фаъолият ба ҳайси иҷрокунандаи асосӣ ё ҳамиҷрокунанда ва ё ин ки ҳамчун вазорату идораҳо масъул бошад.

46. Татбиқи Барнома ва иҷрои нақшаҳои кории дохилиидоравӣ барои ҳар як сол аз ҷониби воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии Кумита дар ҳамбастагӣ бо шуъбаҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳру ноҳияҳо таъмин мегардад.

47. Рафти иҷрои Барнома ва нақшаи кории дохилиидоравӣ барои ҳар як сол тибқи тартиби муқарраршуда аз тарафи бахши ҳуқуқи шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрҳои Кумита дар шуъбаҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳру ноҳияҳо мавриди санҷиш ва омӯзиш қарор дода мешавад.

48. Дар сурати иҷро нашудани бандҳои дар нақшаи қаблӣ пешбинишуда, иҷрои онҳо аз ҷониби воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии Кумита дар ҳамбастагӣ бо шуъбаҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳру ноҳияҳо дар соли минбаъда таъмин карда мешавад.

49. Иҷрокунандагон дар заминаи нақшаи мукаммали таҳиягардида аз тамоми имкониятҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, истифода намуда, бо дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории иловагӣ таъмини воқеии чорабиниҳои пешбинигардидаро амалӣ менамоянд.

 

БОБИ 5. МОНИТОРИНГ ВА БАҲОДИҲИИ БАРНОМА

 

50. Натиҷаҳои асосии амалисозии Барнома аз беҳтар намудани вазъи пешгирии коррупсия, сари вақт ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳо, ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта, инчунин нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирӣ, мубориза ва коҳиш додани тамоюли афзоиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мебошад.

51. Барои таъмини иҷрои муваффақонаи Барнома ва дар маҷмӯъ Стратегия, пеш аз ҳама, таҳти назорати қатъӣ қарор додани рафти таъмини иҷрои он, инчунин ташкил ва амалинамоии мониторинги Барнома нақши муҳимро иҷро менамояд. Мониторинги Барнома ин маҷмӯи чораҳои назоратӣ, санҷишӣ, таҳлилӣ, маълумотӣ ва арзёбии тадбирҳо бо мақсади амалисозии шаффофи Барнома ва нақшаи чорабиниҳои он вобаста ба вазъияти воқеӣ, инчунин пешравиҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодии ҷомеа ва давлатро дарбар мегирад.

52. Баҳодиҳӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои зерини амалисозии Барнома амалӣ карда мешавад:

- фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати пешгирии коррупсия дар фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросим;

- таъмини иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иттиҳодияҳои динӣ дар раванди муқовимат ба коррупсия;

- ба вуҷуд овардани фазои оштинопазирӣ ба коррупсия ва ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа;

- баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бо мақсади таъмини эҳтиром ва риояи талаботи конунгузории амалкунанда дар самти муқовимат ба коррупсия.

53. Мониторинг ва баҳодиҳии Барнома, Стратегия, Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия ва нақшаҳои кории дохилиидоравӣ аз ҷониби бахши ҳуқуқи шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрҳои Кумита ҳар сол гузаронида шуда, аз натиҷааш ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот ирсол мегардад.