ОЁ ВОҚЕАН РАВОДИДИ САФАРИ ҲАҶҶИ УМРА РОЙГОН АСТ?

Имрӯзҳо баъзе аз ҳамватанони мо бо роҳҳои гуногун ва бо дарёфти раводидҳои мухталиф барои адои маросими ҳаҷҷи умра сафар намуда истодаанд. Мутаассифона, ҳолатҳое ҳам ба назар мерасанд, ки афроди алоҳида аз вазъ суиистифода намуда, дар баробари гирифтани маблағи зиёд баъзе аз зоиронро дар нимароҳ мегузоранд. Яъне, баъзе аз ҳамватанони мо ба доми ҳаннотони тиҷорӣ гирифта мешаванд.

Масъалаи сафарбаршавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои адои ҳаҷҷи умра чанд вақт аст, ки дар расонаҳои иттилоотӣ инъикосу баҳс мешавад. Аз ҷумла, радиои “Озодӣ” бо истинод ба сухани “як роҳбалади ширкати “Расул сохтмон” навишта буд, ки аз ҳар як довталаб барои пардохти арзиши раводиди умра 500 доллари амрикоӣ ситонида мешавад. Ба ин гузориш Сафорати Шоҳигарии Арабистонии Саудӣ дар Тоҷикистон вокуниш нишон дода, сароҳатан иброз дошт, ки раводиди ҳаҷҷи умра ройгон аст. Табиист, ки гузориш ва вокуниши болозикр суолеро матраҳ намуд: Воқеият чист? Оё воқеан раводиди ҳаҷҷи умра ройгон аст?

Аввалан, ҳатто ному насаби роҳбаладе, ки иттилои мазкурро дар ихтиёри радиои “Озодӣ” қарор додааст, дақиқ нест ва агар воқеан як роҳбалад чунин гуфта бошад ҳам, ӯро наметавон ҳамчун сарчашмаи муътамади иттилоъ шинохт. Масалан, агар сарчашмаи хабар роҳбари ширкати болозикр мебуд, дигар суоле боқӣ намемонд. Аммо иттилои як роҳбалад, ки вазифаи ӯ дар асоси шартнома бо ширкат танҳо роҳнамоии зоирон ба сафари ҳаҷҷи умра будааст, метавонад дуруст набошад. Аммо баргардем ба сари масъала.

Дар ҳақиқат раводиди ҳаҷ ва умра ройгон аст. Аммо бо шароити хосси худаш. Масалан, барои дастрас намудани як раводид пеш аз ҳама ҳар як шахс бояд маблағи муайяни заминпулӣ (як навъи боҷ ё андозе, ки ҳар як нафар бо ворид шудан ба кишвари мизбон бояд пардохт намояд) хобгоҳ, хизматрасонии нақлиёт, ғизо, суғуртаи тиббӣ ва амсоли инро пардохт намояд. Танҳо баъди пардохти “бастаи хизматрасониҳо” иҷозаи гирифтани раводид ҳосил мешавад. Маблағи пардохтшаванда вобаста ба сатҳу сифати хизматрасоние, ки интихоб мешавад, метавонад гуногун бошад. Яъне, аввал маблағи ҳамаи хизматрасониҳо пардохт мешаванд, пас аз он раводид ройгон дода мешавад. 

Пас, маълум мешавад, 500 доллари амрикоӣ ё ҳар маблағи дигаре, ки метавонад бошад, “барои пардохти нархи раводид” набуда, балки барои пардохти арзиши он хизматрасониҳоест, ки бе пардохти онҳо гирифтани раводид ғайриимкон аст.

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор аз ҳамватанон хоҳиш менамояд, ки дар ҳолати пеш омадани ҳар гуна суитафоҳумҳо дар ин самт бо телефони 227-46-84 ба шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷҷи Кумита муроҷиат намоянд.  

Маркази матбуотии Кумитаи дин,

танзими анъана ва ҷашну маросими

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон