БАРГУЗОРОРИИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ ВОБАСТА БА ДУНЯВИЯТ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАҲКИМИ ТАҲАММУЛПАЗИРИИ ДИНӢ

Имрӯз, 17-уми май бо ташаббуси Донишкадаи исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа бо иштироки доираи васеи олимону муҳаққиқон ва устодону донишҷӯён таҳти унвони «Дунявият ҳамчун принсипи конститутсионӣ ва нақши он дар таҳкими таҳаммулпазирии динӣ ва пешгирии ифротгароӣ» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ваҳҳобзода таҳаммулпазирии динию ҳамзистӣ бо пайравони дигар динҳоро маҳаки асосии таълимоти дини Ислом ва хусусан мазҳаби ҳанафӣ дониста, зикр намуд, ки “имрӯз дар ҳудуди кишвар беш аз 60 ташкилоти ғайриисломӣ, ки динҳои гуногуни ҷаҳониро муаррифӣ мекунанд, расман ба қайд гирифта шуда, озодона дар баробари мусалмонон фаъолият карда, эътиқоди динии худро қонеъ месозанд”.

Ба гуфтаи мавсуф, мутаассифона, дар замони муосир ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ маҳз аз даричаи эътиқоди динӣ ва арзишҳои динӣ таблиғоти худро густурда ба роҳ монда, мехоҳанд наврасону ҷавонони моро ба сафҳои худ шомил созанд. «Хурофотпарастӣ, ҷаҳолат, бесаводӣ ва дар натиҷа ба ифротгароӣ расонидани мардум нақш ва мақсади асосии ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ ба шумор меравад. Дар натиҷаи фаъолият ва тарғибот миёни наврасон ва ҷавонон иддае аз ҷавонони мо дар ҳар давру замон, хосатан дар ибтидои солҳои 90-ум, солҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои аввалини худро дар масири истиқлол мегузошт, дар мафкураи мардум ақидаҳои эътирозӣ ва зиддимиллӣ ҷой карданд, ки натиҷаи он ба ҳамагон маълум аст», — изҳор дошт А. Ваҳобзода.

Дар кори конфронс зикр гардид, ки дунявият мутамаддинтарин шакли давлатдорӣ, муносибтарин сохт ва муваффақтарин усули сиёсати давлат дар муносибат бо фазои динӣ ба шумор меравад.