ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

21 - октябри соли ҷорӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузор намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба амалигардонии "Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025", "Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030" бо донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид. Мақсад аз баргузор намудани вохӯрии мазкур муқовимат ба фаъолияти тахрибкоронаи ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ,пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, пешгирии радикализми динӣ, хурофот ва ифротгароӣ дар ҷомеа ва тарғибу ташвиқи омӯзиши илму дониш ва техникаву технологияи муосир, баланд бардоштани донишу маънавиёти ҷавонон ва талқини таҳамулпазирӣ дар байни омӯзгорон ва муҳассилини Донишгоҳи мазкур мебошад.