КИШТИНИШАСТАГОНЕМ Ё КИШТИШИКАСТАГОНЕМ?

Киштинишастагонем, эй боди шурта бархез,

Бошад, ки боз бинем, дидори ошноро.

Дар ин байт аз қарнҳои пеш калимаи «киштинишастагонем» ба ду навъ навиштаву хонда мешавад, ки яке «киштинишастагонем» ва дигаре «киштишикастагонем» мебошад.

Ин байт аз «Куллиёт»-и Ҳофиз, ки соли 2001 дар Эрон бо хатти сириллик таҳти назари Муҳаммади Борӣ омода шуда, ба нашр расидааст, иқтибос шуд. Таҳтиназардори китоб навиштааст, ки ин нусхаро дар асоси нусхаи Ҷамшед Шанбезода, ки соли 1983 дар Душанбе нашр шуда буд, омода сохта, дар айни ҳол аз «…нусхаи муҳими Ғанӣ – Қазвинӣ ва Халхолӣ дар муқобала ва таҳрири муҷаддад истифода кардааст». Аммо ин байт дар «Ҳофиз» (Девон)-и Насруллоҳи Мардонӣ, ки бино бар қавли худи ӯ дар асоси «…нусхаи хаттии 827 Халхолӣ, ки мабнои кори алломаи Қазвинӣ буда ва нусхаи чопии дуктур Хонларӣ, ки бар асоси 14 нусхаи куҳан тадвин гардида ва то ҳудуде нисбат ба дигар нусах аз эътибори бештаре бархӯрдор буданд», омода ва чоп шудааст, дар шакли «киштишикастагонем» омадааст. Байти мазкур дар «Луғатномаи Деҳхудо» ҳам ҳамчун шоҳид бар таркиби «боди шурта» ва калимаи «дидор», дар ҳарду ҳолат ҳам дар шакли «киштишикастагонем» нақл шудааст.

Аз ҷониби ҳар ду гурӯҳе, ки ин байтро ба тариқи худ менависанду мехонанд, барои исботи тарзи хондану навиштани худ далелу бурҳонҳои бисёре оварда мешаванд, ки шояд баъзе аз онҳо эътиборе ҳам дошта бошанд. Азбаски то ба имрӯз як шакли он аз ҷониби ҳама пазируфта нашудааст, онҳое, ки намехоҳанд ба ин баҳс дода шаванд, бо овардани ин байт ҷони худро халос мекунанд:

Баъзе нишаста хонанд, ҷамъе шикаста хонанд,

Чун нест Хоҷа Ҳофиз, маъзур дор моро.

Вале барои баъзеҳо то ҳол ин масъала боқист ва сари ҳар вақт боиси баҳсу мунозира мешавад. Ҳоло мо ба нақли ин байт аз нусхаву чопҳои дигар ва ба радду қабули далелу бурҳонҳои ҳар дуи ин гурӯҳ машғул нашуда, фикри худро мухтасар оид ба ин масъала баён хоҳем кард, ки бар мутолиаи ботааммули девони Хоҷа Ҳофиз такя дорад. Зеро ин ягона роҳи дурусти тасҳеҳ ва ё шарҳу баёни ин ё он байте мебошад, ки мавриди баҳсу мунозира қарор мегирад; ҳама чиз дар куллияи матни эҷодиёти шоир тасҳеҳу маънидод бояд шавад.

Аз мутолиаи девони Ҳофиз ва ахборе, ки дар бораи зиндагии ӯ дар дастраси мо ҳаст, бармеояд, ки ӯ «Қуръонро бо чаҳордаҳ ривоят дар ҳифз дошт», ҳамчунонки худ ҳам мегӯяд:

Ишқат расад ба фарёд, ар худ ба сони Ҳофиз,

Қуръон зи бар бихонӣ дар чордаҳ ривоят.

Дар ҳофизшиносӣ таъкиди он нукта, ки дар саросари девони Ҳофиз таъсир, партав, маъниву мазмунҳое аз Қуръон гирифта шудааст, як чизи тамоман маъмуливу такрорист, ки ҳоҷате ба боз гуфтанаш нест. Бинобар дар ҷое, ки дар ин бора пажӯҳишҳои Партави Алавӣ «Ақоид ва афкори Хоҷа (фасли «Иқтибосоти Хоҷаи Шероз аз абёти Қуръони маҷид ва ишороту аҳодису тафосир»)», Абдулҳусайни Зарринкӯб «Аз кӯчаи риндон (фасли «Суруди Зуҳра»)», Муртазо Зарғомафар «Ҳофиз ва Қуръон, татбиқи абёти Ҳофиз бо оёти Қуръон», Тақии Пурномдориён «Гумшудаи лаби дарё (фасли «Маънӣ ва заминаҳои он дар ҷаҳони шеъри Ҳофиз»)» ва як силсила таҳқиқоти дигар ба қалам омадааст, ба тариқи хулоса гуфтан кофист, ки Ҳофиз худ гуфтааст:

Субҳхезиву саломатталабӣ, чун Ҳофиз,

Ҳар чӣ кардам, ҳама аз давлати Қуръон кардам.

Ё дар ғазали дигараш гуфтааст:

Ҳар ганҷи саодат, ки Худо дод ба Ҳофиз,

Аз юмни дуои шабу вирди саҳарӣ буд.

Ва ҳеҷ шакку шубҳае нест, ки ин «дуои шабу вирди саҳарӣ» ба Қуръон бастагӣ дорад. Бинобар ин, ҳамеша дар назар бояд дошт, ки замини боровари шеъри Ҳофиз шодоби Қуръон аст ва ҳангоми баррасии ашъораш онро ба эътибор бояд гирифт. Таъсиру партави маъниву мазмунҳои қуръонӣ дар осори Ҳофиз ба тарзу тариқи гуногун зуҳур мекунанд, гоҳо ояҳо ва ё таъбирҳое аз ояҳо ҳамчунонки ҳаст, иқтибос гашта, гоҳо мазмуни онҳо бозгӯ мешаванд ва гоҳо ғазал саропо аз мазмунҳои қуръониву ирфонӣ иборат бошад, гоҳи дигар як ё ду байт, бештар ё камтар ин гуна мазмунҳоро фаро мегиранд. Бинобар ин, ҳангоме ки аз маърифати шеъри Ҳофиз сухан мегӯянд, аксаран маърифати ҳамин олами руҳониро дар назар доранд.

Аммо маърифат, ба ақидаи инҷониб, дар баробари маълумот дар бораи тасаввуф, ҷаҳоншинохтӣ ва яке аз чаҳор дараҷаи ирфони суфия: шариат, тариқат, маърифат, ҳақиқат буданаш боз идрок ва илму дониш ва шинохт аз олами моддӣ ва бинишу тамизу фаҳм ҳам мебошад. Дар вожаи маърифат, агар он ба манзури ифодаи мазмуни ирфонӣ истифода шуда бошад, шинохти олами маънавӣ ва агар барои расонидани мазмуни дунявӣ ба кор рафта бошад, дарёфти олами моддӣ ҳам метавонад ҷой дошта бошад.

Олами шеъри Ҳофиз оламест дар миёни ду олам – руҳониву ҷисмонӣ, ки маъмулан барзахӣ ном дошта, сифатҳои ҳар ду оламро дорост. Ин махсусияти олами шеъри Ҳофизро Тақии Пурномдориён дар таҳқиқоти арзишманди хеш «Гумшудаи лаби дарё» дар фасли «Маънӣ ва заминаҳои он дар ҷаҳони шеъри Ҳофиз» чунин таъбир мекунад: «Муҳимтарин кашфи ӯ (яъне Ҳофиз – А.Ҳ.) ва асоси ҳамаи зароифи сохтории шеъри ӯ ҳамон таъсиси олами барзахӣ дар шеър аст. Яъне ҳамон оламе, ки дар «Қуръон» низ вуҷуд дорад ва ба ҳамон сабаб, ҳам имкони тафсири зоҳириро дар иртибот бо олами воқеият мумкин месозад ва ҳам имкони тафсири руҳониро дар иртибот бо ботин ва олами ҳақиқат».

Азбаски олами барзах аз ду олам – руҳониву ҷисмонӣ ба ҳам омадааст, дар он метавонанд гоҳ сифатҳои олами руҳонӣ ва гоҳ сифатҳои олами ҷисмонӣ боло гиранд ва мавридҳое ҳам имкон доранд, ки вуҷуди ин сифатҳо ба ҳамдигар ҳамсангу баробар бошанд. Аз ин рӯ, шахсияте, ки дар шеъри Ҳофиз арзи андом мекунад, низ дар байни ҳамин ду олам зиндагӣ дорад. Ӯ, агар аз як сӯ, тамоми сифоти олами лоҳутро бо худ дошта бошад, аз сӯи дигар, ҳамаи фазилати олами носутро низ бо худ дорад, вале дар айни ҳол на тамом лоҳутӣ ҳасту на тамом носутӣ, яъне инсонест воқеӣ, ки руҳониву ҷисмонист ва дар ӯ гоҳо боло гирифтани сифати яке аз ин оламҳо комилан табиист. Аз ин рӯ, ин шахсият ҳар қадар мазҳари фазилатҳои олами улвии руҳонӣ бошад, ҳамон қадар мазҳари олами сифлии ҷисмонӣ ҳам ҳаст, ки шинохти инсон дар шеъри Ҳофиз аз даричаи ҳамин нигоҳ аст.

Дар ҳоле, ки Ҳофиз олами шеъри худро аз фазилатҳои олами руҳониву ҷисмонӣ, яъне барзахӣ сохтааст, ӯ ба ҳар дуи ин олам арзиш қоил аст ва шеъраш ҳам аз маърифати ҳар ду олам иборат мебошад. Аз ҷиҳати дигар, ба ақидаи мо, дунёи руҳ на фақат осмониву малакутист, балки дунёест, ки аз муносибати байни ду инсон ҳам ба вуҷуд омаданаш мумкин аст, зеро инсон ҳам худ аз ҳамин ду мабдаъ – моддиву маънавӣ офарида шуда, мавҷуди дубуъдист. Пас, маърифат аз шинохти баробари ҳар дуи ин олам ҳосил мешавад, бинобар он мо ин байти Ҳофизро, ки аксаран ҳамчун шинохти олами руҳонӣ талаққӣ мешавад, ба маънои дарёфти олами ҷисмонӣ ҳам мешиносем:

Шеъри Ҳофиз ҳама байтулғазали маърифат аст,

Офарин бар нафаси дилкашу лутфи суханаш!

Зеро ҳамчунонки қайд карда шуд, ду олам дар шеъри Ҳофиз аз ҳам ҷудо набуда, ба ҳам тавъаманд, ки олами барзахиро ба вуҷуд овардаанд ва инсони шеъраш ҳам дар байни ҳамин ду олам – улвиву сифлӣ, яъне олами барзахӣ ба такопӯи зиндагӣ машғул аст. Бинобар он шеъри Ҳофиз ҳар қадар заминаи руҳониву осмонӣ дошта бошад, ҳамон қадар заминаи ҷисмониву заминӣ ҳам дорад, мисли ин байт:

Шароби талх мехоҳам, ки мардафган бувад зӯраш,

Ки то як дам биёсоям зи дунёву шару шӯраш .

Бинобар ин, ҳангоми шарҳу тафсир ва тасҳеҳи осори Ҳофиз баробари ҳар шеърро дар заминаи он баррасӣ кардан сабку мазмуни куллияи девонро низ ба эътибор бояд гирифт. Агар шеър саропо ва ё байтҳое аз он бештар дар заминаи олами маънавӣ гуфта шуда бошанд, онро бо меъёрҳои олами маънавӣ ва агар дар заминаи олами моддӣ гуфта шуда бошанд, бо меъёрҳои ин олам шарҳу тафсир бояд кард. Азбаски аксари ғазалҳои Ҳофиз аз байтҳое ба ҳам омадаанд, ки истиқлоли маънӣ доранд, дар онҳо ҳар ду навъи идрок – идроки олами маънавӣ ва моддӣ кам ё беш ва ё баробари ҳам ҷой доштанаш мумкин аст. Аз ин рӯ, мо он гоҳ ба ҳақиқати шеъри Ҳофиз мерасем, ки мазмунҳои маънавию ирфониро дар онҳо дар омезиш бо мазмунҳои заминиву нафсонӣ бубинем ва маънидод кунем. Асолати чеҳраи шоирии Ҳофиз аз ин ду дидгоҳ возеҳ намоён хоҳад шуд. Ҳофиз ба ҳамин маънӣ шоири инсони дубуъдӣ, инсони заминиву осмонӣ, инсони воқеӣ, яъне мову шумост.

Ҳоло аз ин дидгоҳ он ғазалро, ки дар он байти мавриди баҳс ҷой дорад, мехонем ва дармеёбем, ки дар ин ғазал ва махсусан, дар ҳамон байт андешаи ирфонӣ мақоми куллӣ дорад. Бинобар он барои ба умқи маънои он расидан онро дар мақоме, ки худи байт ҳаст, яъне дар мақоми ирфонӣ баррасӣ бояд кард. Ҳарчанд он байтро дар мақоми дунявӣ ҳам мешавад тафсир кард, аммо дар он ҳолат жарфои маъною мазмун ва эҳсосоти фарогиру муассири он дар назар пӯшида хоҳад монд.

Аввалан, бар сари вожаҳои «киштинишастагонем» ва «киштишикастагонем» меандешем, ки онҳо бори чӣ мазмунро мекашанд. Вожаи «киштинишастагонем» дар ин байт мафҳумеро ифода мекунад, ки мардуме дар киштӣ дар ҳолати оромӣ нишаста, боди шурта (мувофиқ)-еро интизоранд, аммо вожаи «киштишикастагонем» ҳолати мардумеро ифода менамояд, ки дар киштии шикаста ҳастанд ва ин худ бе ҳеҷ ҳарфи илова аз вазъи фоҷиавии онҳо - ғарқ шудан хабар медиҳад, зеро мардуме, ки дар киштии шикаста ҳастанд, наметавонанд ором бошанд, ба онҳо хатари ҷон таҳдид мекунад. Вожаи «киштишикастагонем» вожаи беалоқа ба ҳолат набуда, аз назари ифодаи мазмуну ҳиссиёт табу тоб ва ташдиди сахте дорад, ки онро нисбат ба «киштинишастагонем» хеле пурбор ва муассир месозад. Манзури Ҳофиз ҳам ҳамин аст, зеро сухани ӯ на аз касонест, ки дар киштӣ бо роҳату оромӣ нишаста, ба дидори ошно расиданӣ ҳастанд. Ин маъно ба матни эҷодиёти Ҳофиз ҳеҷ ошноӣ надорад, чунки барои ӯ ба дидори ошно расидан на ин гуна ба тасаввур меояд, ки дар киштӣ ба роҳат нишаста, боди мувофиқ хоҳию ба дидори ошно бирасӣ, балки саъбтарин кор, пур аз ранҷу азобу уқубат ва хатарҳои ҷонбохтанӣ мебошад, ки барои инсони одӣ шояд ҳаргиз муяссар ҳам нашавад. Ин маъно дар ғазали аввали девони Ҳофиз дар ин байт чунин изҳор шудааст:

Шаби торику бими мавҷу гирдобе чунин ҳоил,

Куҷо донанд ҳоли мо сабукборони соҳилҳо.

Ҳамчунонки мебинем, агар байти мавриди тасҳеҳро бо вожаи «киштишикастагонем» хонем, ки дар асл ҳамин тавр ҳам ҳаст, ҳар ду ин ҳолат ба ҳам шабоҳате пайдо мекунанд, зеро дар байти дуюм мисраи «шаби торику бими мавҷу гирдобе чунин ҳоил» низ хатари ҷонбохтанро ифода менамояд. Чунки ин сафар на сафари ҷисмонӣ, балки сафари маънавист барои расидан ба ёр ва дидори маънавӣ, ки хатарҳои муҳлике доштанаш мумкин аст. Албатта, муҳаррики ин сафар ишқ, ишқи Илоҳист ва дар ҳар мавҷи ин баҳр наҳангеву дар ҳар гирдобаш хатари ғарқ шудану аз даст додани ҷон ҳаст. Ҳамин ваҷҳ аст, ки Ҳофиз дар ғазали аввали девонаш мегӯяд:

Ало ё айюҳассоқӣ, адир каъсан ва новилҳо,

Ки ишқ осон намуд аввал, вале уфтод мушкилҳо .

Ё дар ғазали дигараш чунин мегӯяд:

Дилам умеди фаровон ба васли рӯи ту дошт,

Вале аҷал ба раҳи умр раҳзани амал аст .

Ҳамин тариқ, ин мушкил – сипардани роҳи ишқ ва расидан ба кӯю дидори ёр хатари ҷон дошта, ин маънӣ дар саросари девони Ҳофиз доман густардааст, ки даҳҳо мисол метавон овард. Пас, киштишикастагон кистанд ва дидори ошно чист? Пеш аз посухи ин пурсишҳо тааммуле бар девони Ҳофиз ва маъниву сурати шеъри ӯ бояд кард.

Ин киштишикастагон на онҳое ҳастанд, ки ҳамин ҳоло ба киштӣ нишастаанду сафар ба диёри ёр ихтиёр кардаанд, на, зеро тамоми девони Ҳофиз мегӯяд, ки сарнавишти инсон аз азал сиришта шудааст ва он чӣ аз азал сиришта шудааст, ногузир аст, ҳарчанд баъзан бар муқобили он исён ҳам мекунад, ҳамчунонки дар ин байт ҳаст:

Чарх барҳам занам, ар ғайри муродам гардад,

Ман на онам, ки забунӣ кашам аз чархи фалак.

Аммо асосан муътақид бар расми азалу абад аст. Бинобар он «киштишикастагон» истиора аз бани башар, фарзандони Ҳазрати Одам аст, ки ба дидори ошно – маҳзари Ҳақ расидан мехоҳанд, вале азбаски бо васвасаи Иблис, алорағми иродати илоҳӣ, меваи мамнуъ аз дарахти маърифат хӯрда, муртакиби гуноҳ шудаанд, киштии муродашон шикаста аст:

Ҷое, ки барқи исён бар Одами Сафӣ зад,

Моро чӣ гуна зебад даъвии бегуноҳӣ .

Аммо онҳо ошиқи Ҳазрати Ҳақ ҳастанд, бинобар ба дидори Ҳазрати Ҳақ расиданашон ҳар қадар мушкил дошта бошад, боз ҳам хоҳанд кӯшид, зеро онҳо ягонаи махлуқони Худованд ҳастанд, ки кашидани бори амонати ӯро, ки кӯҳу дарёву осмонҳо маҷоли қабул надоштанд, ихтиёран бар дӯш гирифтаанд. Ҳофиз мегӯяд:

Осмон бори амонат натавонист кашид,

Қуръаи кор ба номи мани девона заданд.

(идома дорад...)

Аскар Ҳаким,

Шоири халқии Тоҷикистон