Ҳаҷ мактаби тарбияи ахлоқӣ

Адён ва таммадуни шинохташуда аз дер боз маросиме ба унвони зиёрат доштанд, ба ин маъно, ки пайравони он адён барои вафо кардан ба назр ва аҳди хеш, сипосгузорӣ ва ташаккур аз Худо ва ё худоён ё арвоҳи муқаддас, ки ба он эътикод доштанд, бо он амал баракот талабида; ба маконҳое, ки аз назари онҳо муқаддас буд, мерафтанд ва умуман барои онон ҳадя ва қурбонӣ мебурданд. Ҳатто дар тамаддунҳои бутпарастӣ, ки камтар таҳти таъсири дин буданд, ҳамчунин тамаддуни Юнон ва Рим –Юнониён ва Римиёни қадим барои сипосгузорӣ ва ё ҷалби ризоят ва мусоидат ба маъбадҳо ва маконҳое, ки ба онҳо таалуқ дошт, мерафтанд ва маросимро бо анҷоми қурбонӣ бо кайфияти бисёр бо шукӯҳ анҷом медоданд. Дар миёни адёни бузурги ғайри иброҳимӣ будоиён, ҳиндуҳо ва зардуштиён низ чунин маросиме дошта ва доранд, зиёрати муқаддас барои динҳои иброҳимӣ, ки меросдори Иброҳим ҳастанд дорои маънои бештар ва аниқтаре будааст, ҳам яҳудиён ва ҳам масеҳиён зиёрати хоси худро дошта ва доранд. Худован дар Қурони карим мефармояд: «Барои ҳар уммате дине ниҳодем, то бар он дин бошад» ( Ҳаҷ, ояти 67). Бо ин ҳама, Ҳаҷ дар ислом достони дигаре дорад, яке аз аркони ислом аст ки аввалан фарди мусалмон бо фарзияти он ва онҳам бо кайфияти муқарар, муътақид бошад, дар қадами дуюм дар сурати доштани шароит бояд онро анҷом диҳад. Ин ба он маъноаст, ки ҳаҷ бахши таҷзиянопазире аз ислом аст бо ҳамон кайфияте ки таъриф шудааст, дар ҳоле ки зиёрати муқаддас дар адён ва тамаддунҳои дигар чунин набудаааст, зеро аввалан аз назари онон ин зиёрат амри воҷиб набуд дар қадами дуюм амалҳоро ки дар ин зиёрат ба ҷо меоваранд, бадонгуна бо диққат ва муттасил дар ислом баён шуда, набудааст, ба ибораи дигар зиёрат барои онҳо кори шоиста ва писандида буд, ки боиси кушоиш, баракат ва раҳмат мебошад, на амри воҷиб дар мафҳуми исломии он бо одоб ва русуми вобаста ба он; дар замони хос, бо кайфияти махсус. Шояд таҳлили луғавии калимаи ҳаҷ битавонад, то андозае мавзӯъро равшантар бисозад, яъне ҳаҷ дар луғат қасд аст, аммо дар истилоҳ анҷом додани амалҳо бо равиши муқаррар ва кайфияти махсус, ҳангоми зиёрати каъба аст. Одобу фарҳанги ҳаҷ онгуна ки аз Қуръони Маҷид, ривоят ва матнҳои исломӣ бар меояд маносики ҳаҷ ( амалҳои ҳаҷ ё ҷойҳои ибодат) ба давраи Иброҳим (ъ) боз мегардад, Ибороҳим ва Исмоил (ъ) пас аз онки хонаи каъбаро бино карданд , аз Худованд хостанд ки он давро мутеъ ва фармонбардори хеш қарор диҳад ва шеваи парастиш ва ва анчоми ҳаҷро ба онҳо бинмояд, дар сиёқи ҳамин дар оятҳи Қуръони карим омадааст: «Ба Иброҳим ва Исмоил аҳд кардем, ки хонаи маро барои тавофкунандагон ва муҷовирон ва намозгузорон покиза доред» ( бақара ояти 125). Ва дар ҷои дигар мефармояд: «Ба Иброхим гуфтем хонаи маро ба тавофкунандагон ва қиёмкунандагон ва рукуъкунандагон ва саҷдакунандагон покиза дор» (ҳаҷ ояти 26). Воқеан ҳач мактабест дорои хусусиятхои хос пандомуз, ибратомуз, тарбиятгару фарҳангсоз, бо вуҷуде ки адои ҳаҷ касди қаробат аст, аммо мактабест тарбияви зеро дар баробари онки амалҳои ҳаҷ анҷом дода мешавад, аз тамоми амалҳои номатлуб худдори карда мешавад. Усулан маконҳои муқаддасе, ки дар он амалҳои ҳаҷ анҷом мегирад, муҳитест бо амният барои ҳамагон ҳатто барои ҳайвонот ва растаниҳо ва ҳама масъулияти баробар дар ҳифзи атрофу муҳити чомеа доранд, яъне маносики ҳаҷ ба гунае тарроҳи шудааст, ки ҳоҷиро дар масири тарбият қарор дода, ӯро дар ҷодаи шахсиятсозӣ ва камоли ахлоқӣ ҳамчун як ҳайкали ибратомез ҳамсафар аст. Амалҳои ҳаҷро барои он маносики ҳаҷ мегӯянд ки ин амалҳо сабаби покии нафс мегарданд. Нусук ба маънои пок ва покиза кардан аст. Дар баробари он,ки дар ҳаҷ иртиботи таҷамуъи гуногун, табодули фаҳмишҳо, гуфтугу ва шинохти якдигар сурат мегирад, ҳоҷӣ фарҳанги худсозӣ ва эҳтиромро ба худ касб мекунад, ки камолоти фарҳангии ӯро боз ҳам ғанӣ мегардонад.

Шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии

Маркази исломшиносӣ

дар назди Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон