ОЁ ВОҚЕАН РАВОДИДИ САФАРИ ҲАҶҶИ УМРА РОЙГОН АСТ?
Submitted by Administrator on Fri, 02/18/2022 - 19:05Масъалаи сафарбаршавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои адои ҳаҷҷи умра чанд вақт аст, ки дар расонаҳои иттилоотӣ инъикосу баҳс мешавад. Аз ҷумла, радиои “Озодӣ” бо истинод ба сухани “як роҳбалади ширкати “Расул сохтмон” навишта буд, ки аз ҳар як довталаб барои пардохти арзиши раводиди умра 500 доллари амрикоӣ ситонида мешавад. Ба ин гузориш Сафорати Шоҳигарии Арабистонии Саудӣ дар Тоҷикистон вокуниш нишон дода, сароҳатан иброз дошт, ки раводиди ҳаҷҷи умра ройгон аст. Табиист, ки гузориш ва вокуниши болозикр суолеро матраҳ намуд: Воқеият чист? Оё воқеан раводиди ҳаҷҷи умра ройгон ас?