УЗВИ ТЭТ ҲНИ БУДАН-ИН ХОИНИ ВАТАН БУДАН АСТ!

Халқи азиятдидаи тоҷик барои таҳкими Истиқлолият, нигаҳдошти якпорчагии марзу бум, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ, интихоби роҳи рушду тараққиёт Конститутсияи мамлакатро қабул кард.

Нооромиҳои сиёсии ибтидои солҳои навадуми асри гузашта тамоми фишангҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ карда буданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷӯ мекард ва Сарвари давлат пайваста талош меварзиданд, то осудагию оромӣ дар саросари мамлакат ҳукмфармо гарданд.

“ТАҶРИБАИ ТАЪРИХӢ”-И НАҲЗАТ

Ҳар як ташкилоту ҳаракат новобаста аз шакли фаъолияташон бояд охири ҳар сол ҳисоботи солона пешниҳод кунанд.

Наҳзатиён, ки дар хориҷи кишвар аз ҳисоби хоҷагони хориҷии худ фаъолияту зиндагӣ мекунанд, зарур ва ҳатмӣ аст, ки онҳо низ назди сарпарастони худ ҳисоботи солона пешниҳод намоянд ва зиндагии шоҳонаи бемеҳнатро ба даст оранд.

«ОЗОДИХОҲОН»-И ХИЁНАТКОР

Намояндагони ташкилоти террористии ҲНИ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё сомонаҳои хусусии худ матолиберо интишор менамоянд, ки аслан ба воқеият рост намеояд. Айни чунин ҳолати дурӯғпаҳнкунӣ дар суханрониву баромадҳояшон дар “ҳамоиш”-ҳои оилавиашон ҳам ба чашм мехӯрад. Ба миллати тоҷик маълум аст, ки ин «озодхоҳон» аз оғоз фаъолияти хоинонае бар муқобили ҳама гуна арзишҳои инсонӣ, аз ҷумла, ватану миллату ҳатто мазҳаби аҷдодии худ доштанд. Имрӯз бо баҳонаву шиорҳои наве худро назди хоҷагону маблағгузоронашон ширин карданӣ мешаванд. Онҳо мисли чамбараки мошин дар дасти хоҷагон ва зери идораи хоҷагонашон қарор доранд. Ронанда гоҳе онҳоро ба “тазоҳурот” амр мекунаду гоҳе ба “амри маъруф”.

МУРОҶИАТ БА КАБИРӢ: МАРД БОШ Ё ДАР ХИЗМАТИ МАРД!

"Мулло"-Кабирӣ, биёед аз фитнаву тазоҳуроти масхара даст бардоред! Бо чор панҷ хоину авбош дар хориҷи кишвар шӯру мағал бардошта, гирдиҳамоиву тазоҳуроти масхараро роҳандозӣ кардан нишонаи мардӣ нест. “Ҳазрат”-и Кабирӣ, магар митингу майдонбозиҳои барпокардаи «падари муқаддасатон» набуд, ки Ватани азизамонро ба оташу хун кашида буд? Оё ин ҳанӯзам бароятон дарси ибрат нашдуааст? Суханрониҳои фиребанда ва бо як муҳаббати сохта, ки дар шаҳри Берлин ироа кардед, дидему шунидем.

ТЭТ ҲНИ-ДУШМАНИ ИНСОНИЯТ

Гурӯҳҳои ифротии муосир бо номҳои гуногун аз ҷумла ТЭТ ҲНИ, «Давлатии исломӣ», «Гурӯҳи 24» ва ҳаммаслаконашон имрӯҳо дар саросари ҷаҳони муосир бо ҷорӣ намудани нақшаҳои хоҷагони хориҷии худ машғул мебошанд. Чӣ тавре дар урфият мегӯянд: «Бори каҷ ба манзил намерасад» во мо қотеона метавонем таъкид созем, ки фарзандони нохалаф ҳатман рӯзе сазои амали худро хоҳанд дид.

Кишварҳои ҷангзадаи ҷаҳони муосир барои ҳар як қишри ҷомеаи мо дарси ибрату андеша аст, то шукргузори сулҳу субот ва осудагӣ бошем.

Бузурге гуфтааст:

Шукр гӯӣ, неъматат афзун кунад,

В-ар нагӯӣ, аз кафат берун кунад.

Pages