ЭЪЛОН!
Submitted by Administrator on Mon, 05/04/2020 - 10:29Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷойҳои кории холиро эълон менамояд.
Муроҷиатномаи Шӯрои уламо вобаста ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Submitted by admin on Fri, 04/24/2020 - 11:34Тавре қаблан иттилоъ додем, рӯзи ҷумъа, 24 апрел дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон оғоз мегардад. Соли равон давомнокии моҳи шарифи Рамазон 30 рӯз муайян гардида, он 23 май ба анҷом мерасад. Ҳамин тариқ, 24 май дар мамлакат Иди Рамазон таҷлил мегардад.
Дар робита ба ин Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба мардуми шарифи мамлакат муроҷиатнома баён доштааст, ки онро манзури хонандагон мегардонем.
— Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон ва дуруду салом бар Паёмбари акрам (с)
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Submitted by admin on Fri, 04/24/2020 - 11:13Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати фаро расидани моҳи мубораки Рамазон табрик гуфта, ба ҳар як хонадони Ватан файзу баракат ва рӯзгори осуда орзу менамоям.
Рамазон, ки дорои арзишҳои маънавии бузург мебошад, барои мардуми мусулмон моҳи муқаддас ба шумор меравад. Ин моҳ инсонро ба сабру таҳаммул ва парҳезкорӣ даъват карда, дар табиати одамон меҳрубонӣ ва раҳму шафқатро нисбат ба якдигар бедор месозад ва онҳоро ғолиби нафсу ҳомии рӯҳ мегардонад.
Яъне моҳи Рамазон ба пок гардидани ботину қалби инсон мусоидат карда, ӯро аз гуфтору рафтори зишту номатлуб дур месозад.
9 ҚОНУНШИКАНӢ ДАР 20 РӮЗ
Submitted by admin on Wed, 04/22/2020 - 13:36Новобаста аз анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросим ҳанӯз ҳам ҳолатҳое ба назар мересад, ки шаҳрвандони кишвар талаботи қонунгузориро дар вақти анҷом додани ҷашну маъракаҳо ба назар намегиранд. Махсусан, вақтҳои охир риоя нагардидани талаботи қисми 6-уми моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” нисбатан бештар ба назар мерасад.