Қарори Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.04.2020 №02 ш.Душанбе
Submitted by admin on Fri, 04/17/2020 - 12:11Қарори
Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17.04.2020 № 02 ш.Душанбе
Қарори
Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17.04.2020 № 02 ш.Душанбе
Интишори ҳамарӯзаи бемории сироятии коронавирус аҳолии сайёраро ба ташвиш овардааст. Дар пайи иштишори бесобиқаи ин бемории сироятӣ дар саросари ҷаҳон тадбирҳои гуногунӣ маҳдудкунӣ рӯи даст гирифта шудааст. Махсусан, кишварҳои алоҳидаи мусулмонӣ ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии бештари ин вирус фаъолияти масҷидҳоро муваққатан қатъ карданд.
Вазорати авқофи Ҷумҳурии Арабии Миср хабар дод, ки бо мақсади пешгирӣ аз густариши коронавирус дар моҳи шарифи Рамазон ҳамаи чорабиниҳои дастаҷамъона, аз қабили чорабинии ифтори умумӣ ва намозҳои таровеҳро манъ хоҳад кард.
Шоҳигарии Арабистони Судӣ баргузории намоз, махсусан намози ҷумъа дар “Масҷид-ул-ҳаром” ва “Масҷиди Набавӣ”-ро манъ кард.