БАРГУЗОРИИ ФОРУМИ СЕЮМИ МИНТАҚАВӢ ОИД БА ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОИИ ХУШУНАТОМЕЗ
Submitted by korbar on Sat, 12/14/2019 - 09:53Бо ташаббуси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе доираи васеи коршиносони минтақавию байналмилалӣ вазъи ифротгароии хушунатомез дар фазои маҷозӣ баррасӣ гардид.
Масъалаи мазкур зимни Форуми 3-юми минтақавӣ дар мавзӯи «Пешгирии ифротгароии хушунатомез дар фазои маҷозӣ», ки имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ доир гардид, муҳокима шуд.