УЗВИ ТЭТ ҲНИ БУДАН-ИН ХОИНИ ВАТАН БУДАН АСТ!
Submitted by admin on Tue, 12/18/2018 - 15:39Халқи азиятдидаи тоҷик барои таҳкими Истиқлолият, нигаҳдошти якпорчагии марзу бум, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ, интихоби роҳи рушду тараққиёт Конститутсияи мамлакатро қабул кард.
Нооромиҳои сиёсии ибтидои солҳои навадуми асри гузашта тамоми фишангҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ карда буданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷӯ мекард ва Сарвари давлат пайваста талош меварзиданд, то осудагию оромӣ дар саросари мамлакат ҳукмфармо гарданд.