ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ БАШАРДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ширкати ватании «Авесто Гурӯҳ» ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар ҳаҷми беш аз 2,5 миллион сомонӣ лавозимоти зарурии тиббӣ кумак расонид
Submitted by Administrator on Wed, 05/13/2020 - 12:51Ширкати ватании «Авесто Гурӯҳ» дар пайравӣ ба иқдомҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусу иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раёсати тандурустии пойтахт кумак намуд, ки аз лавозимоти зарурии тиббӣ дар ҳаҷми зиёда аз дуюним миллион сомонӣ иборат мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳр.
МУЛОҚОТИ РАИСИ КУМИТА БО НАМОЯНДАГОНИ СОЗМОНИ ҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ
Submitted by Administrator on Wed, 05/13/2020 - 12:00ЭЪЛОН!
Submitted by Administrator on Mon, 05/04/2020 - 10:29Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷойҳои кории холиро эълон менамояд.
Муроҷиатномаи Шӯрои уламо вобаста ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Submitted by admin on Fri, 04/24/2020 - 11:34Тавре қаблан иттилоъ додем, рӯзи ҷумъа, 24 апрел дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон оғоз мегардад. Соли равон давомнокии моҳи шарифи Рамазон 30 рӯз муайян гардида, он 23 май ба анҷом мерасад. Ҳамин тариқ, 24 май дар мамлакат Иди Рамазон таҷлил мегардад.
Дар робита ба ин Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба мардуми шарифи мамлакат муроҷиатнома баён доштааст, ки онро манзури хонандагон мегардонем.
— Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон ва дуруду салом бар Паёмбари акрам (с)