ТАВБАШИКАСТАГОН (дар ҳошияи “Тавба”-и Додоҷони Атовулло)
Submitted by admin on Tue, 12/18/2018 - 15:41Номи Додоҷон Атоулоев барои калонсолон ошно буда, шояд ҷавонон надонанд, ки ӯ аз ҷумлаи аввалин рӯзноманигороне буд, ки бо расидани боди бозсозиҳои Горбачёвӣ дар саҳифаи рузномаи худ «Чароғи рӯз» аз демократия ва озодӣ сухан мегуфт. Баъди оғози нооромиҳои соли 1992 ӯ низ дар ҷумлаи баъзе равшанфикрони кишвар фирефтаи найрангҳои ходимони наҳзатии ҳукуматгаро гардида, солҳои тулонӣ берун аз кишвар қарор дорад.
Аз муҳтавои маводи чопнамудаи ӯ бармеояд, ки аз пайвастан бо ин тоифа сахт пушаймон буда, имрӯз санги маломат ба сари худ мезанад.