МАВЗӮИ БАҲСИ СЕМИНАР-МАШВАРАТ: АЗ ВНМО ТО ҲИФЗИ МАЗҲАБ

24-уми май дар толори Кохи маърифати шаҳри Ваҳдат бо иштироки сардори раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейн Шокиров, котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳрамбек Маҳрамбеков, мутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд Сангалиев, 14 нафар мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сармутахассисони ҷамоати шаҳраку деҳот ва беш аз 150 нафар имохатибон ва имомони масҷидҳои панҷвақтаи шаҳр семинар-машварати омӯзишӣ баргузор гардид.

АФШИНИ МУҚИМ – КОТИБИ МАТБУОТИИ КУМИТА

Дар асоси Фармоиши Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2014 Афшини Муқим ба вазифаи котиби матбуотии Кумита таъйин гардид.

Pages