ТЭТ ҲНИ ВА “МУСУЛМОНИ ҲУҶҶАТДОР”-У “БЕҲУҶҶАТ”
Submitted by admin on Tue, 12/18/2018 - 15:46Ҳамарӯза дар ҷомеаи муосир хоинону гумроҳон ва иддаи нохалафон барои паст задани шаъну шарафи инсонҳои соҳибмартаба, бадном кардани ин ё он шахсиятҳои маъруф ба паҳн намудани андешаҳои пастфитратона, содир намудани ҳар гуна фатвоҳои беасос ва халалдорсозии авзои ҷомеа, бадномсозии дини мубини ислом, тафриқаандозиву фитнагарӣ машғуланд. Эшон худро ҳамчун “ҳомии дин” нишон дода, амалҳои разилонаи хешро дар доираи арзишҳои олии динӣ амалӣ намуда истодаанд. Ба мисоли чунин бадфитратон аъзо ва пайравони ташкилоти ТЭТ ҲНИ мебошанд.