ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ БАШАРДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ширкати ватании «Авесто Гурӯҳ» ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар ҳаҷми беш аз 2,5 миллион сомонӣ лавозимоти зарурии тиббӣ кумак расонид

 Ширкати ватании «Авесто Гурӯҳ» дар пайравӣ ба иқдомҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусу иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раёсати тандурустии пойтахт  кумак  намуд, ки  аз лавозимоти зарурии тиббӣ дар ҳаҷми зиёда аз дуюним миллион сомонӣ иборат мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳр.

МУЛОҚОТИ РАИСИ КУМИТА БО НАМОЯНДАГОНИ СОЗМОНИ ҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ

Имрӯз дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати Кумита бо намояндагони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ баргузор гардид.

ЭЪЛОН!

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷойҳои кории холиро эълон менамояд.

Муроҷиатномаи Шӯрои уламо вобаста ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Тавре қаблан иттилоъ додем, рӯзи ҷумъа, 24 апрел дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон оғоз мегардад. Соли равон давомнокии моҳи шарифи Рамазон 30 рӯз муайян гардида, он 23 май ба анҷом мерасад. Ҳамин тариқ, 24 май дар мамлакат Иди Рамазон таҷлил мегардад.

Дар робита ба ин Шӯрои уламои Маркази исломии  Тоҷикистон ба мардуми шарифи мамлакат муроҷиатнома баён доштааст, ки онро манзури хонандагон мегардонем.

— Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон ва дуруду салом бар Паёмбари акрам (с)

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фаро расидани моҳи мубораки Рамазон табрик гуфта, ба ҳар як хонадони Ватан файзу баракат ва рӯзгори осуда орзу менамоям.

Рамазон, ки дорои арзишҳои маънавии бузург мебошад, барои мардуми мусулмон моҳи муқаддас ба шумор меравад. Ин моҳ инсонро ба сабру таҳаммул ва парҳезкорӣ даъват карда, дар табиати одамон меҳрубонӣ ва раҳму шафқатро нисбат ба якдигар бедор месозад ва онҳоро ғолиби нафсу ҳомии рӯҳ мегардонад.

Яъне моҳи Рамазон ба пок гардидани ботину қалби инсон мусоидат карда, ӯро аз гуфтору рафтори зишту номатлуб дур месозад.

Pages