Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Непал Бидхя Деви Бхандари барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал муҳтарам Бидхя Деви Бхандари барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Хонуми Олиҷоҳ,

Хабари талафоти зиёди ҷонӣ бар асари суқути ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Непал боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Дар иртибот ба пайомадҳои вазнини ин фоҷеаи фалокатбор ба Шумо ва ба ҳамаи наздикону пайвандони фавтидагон ҳамдардӣ ва таслияти самимии ин ҷонибро иброз менамоям».

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ИЛМ

Истиқлоли давлатӣ фурсат фароҳам овард, ки миллати тоҷик дар баробари дигар рукнҳои фарҳанги миллӣ ба забони миллӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намояд. Чунин таваҷҷуҳ, пеш аз ҳама, аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои тоҷикони ҷаҳон бармеомад, ки масъалаи таҳкими ҷойгоҳи забони давлатиро дар баробари дигар рукнҳои миллатсоз дар меҳвари сиёсати худ гузошта, пайваста дар тақвияти мавқеи он чораандешӣ менамоянд. Ҳамин буд, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ забони тоҷикӣ мақоми устувори ҳуқуқиву сиёсии хешро дар қонуни асосии кишвар дарёфт ва паҳнои васеи истифодаро соҳиб гардид.

Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров омадааст:

«Муҳтарам Садир Нургожоевич,

Ба Шумо табрикоти худро ба муносибати 30-солагии барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ирсол менамоям.

Сафари мусофир дар рисолаи “Қиссату-л-ғурбати-л-ғарбия”

Ҷудогии рӯҳи инсон аз мақоми аввали худ, мусофир шудани он дар олами ҳастӣ, раҳоии инсон аз авсофи баду хислатҳои паст, торикию разолат, даст ёфтан ба маърифату маънавиёт, мақоми баланду писандида ва ноил шудан ба саодати абадӣ аз мавзӯъҳои муҳиммест, ки дар адабиёти ирфонӣ ҷойгоҳи хосса дорад. Донишмандону орифони машҳур доир ба мавзӯъҳои номбаршуда асарҳо иншо карда, бо ин васила насли башарро тарбия кардаанд.

ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН, ҲАМЧУН ОМИЛИ АСОСӢ ВА РОҲИ МУҲИМТАРИНИ РУШДИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА.

Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон рукни асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакатро ташкил менамояд. Вобаста ба ин, бевосита дар моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати тақвияти ҳимоя ва ҳифзи Ватан, арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои давлату ҷомеа муқаррарот пешбинӣ гардидааст.

Қобили тазаккур аст, ки таҳкими раванди тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии сиёсии кишвар қарор дошта, Пешвои миллат дар ҳар як суханронӣ ва паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаи мазкур ибрози назар менамоянд.

Pages