БАРГУЗОРИИ ҶАШНВОРАИ БАЙНИ ДИНҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Душанбе плаза” бо ташаббуси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ Ҷашнвораи байни динҳо ба кори худ оғоз намуд

БАРГУЗОРИИ ФОРУМИ СЕЮМИ МИНТАҚАВӢ ОИД БА ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОИИ ХУШУНАТОМЕЗ

Бо ташаббуси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе доираи васеи коршиносони минтақавию байналмилалӣ вазъи ифротгароии хушунатомез дар фазои маҷозӣ баррасӣ гардид.

Масъалаи мазкур зимни Форуми 3-юми минтақавӣ дар мавзӯи «Пешгирии ифротгароии хушунатомез дар фазои маҷозӣ», ки имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ доир гардид, муҳокима шуд.

БАЪЗЕ АНДЕШАҲО ДОИР БА САФАРИ ШАҲРВАНДОН БА ҲАҶИ УМРА

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки вақтҳои охир бо истифода аз боварии мардум ашхоси манфиатхоҳ талош доранд, ки бо роҳҳои ғайрирасмӣ ҳамватанони моро барои адои маносики умра сафарбар намоянд

ҶАМЪОМАДИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Имрӯз дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид

1352 ХОДИМИ ДИН БА КУРСИ БОЗОМӮЗӢ ҶАЛБ ГАРДИД

Дар 10 моҳи соли ҷорӣ 1352 нафар имомхатиб ба курси бозомӯзӣ ҷалб гардидааст. Ҳадафи асосии ба курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фаро гирифтани ходимони дин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва динии имомхатибон мебошад.

Pages