Пешвои миллат

Tajik

ИҚДОМҲОИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОҲАИ ДИН

Аз замони ба даст овардани истиқлоқлолият то ба имрӯз бисту ҳафт сол сипарӣ шуда истодааст. Дар ин муддат миллати сарбаланди тоҷик зери сарварии Пешвои худ дар оромию осоиш ва амну субот зиндагӣ дорад.

ДАР РОҲИ КУМАК БА НИЁЗМАНДОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БОШЕМ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки ба муносибати фарорасии моҳи Рамазон  бахшида шуда буд, ин моҳи шарифро моҳи хайру савоб ва сабру таҳамул хонданд. Воқеан, Аз сарчашмаҳои дини мубини ислом барои мо маълум аст, ки Расули акрам (с) дар ин моҳ беш аз пеш саховатмандтар мешуданд ва намунаи возеҳи инсондӯстиро нишон медоданд.

БА ИНСОН АРҶ ГУЗОРЕМ

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи мамлакат санаи 12 майи соли равон  баргузор гардид, аз лиҳози вусъат, фарогирии масъалаҳо ва қаробат ба зеҳну тафаккури табақаҳои гуногуни ҷомеа қобили таваҷҷуҳ буд.

Pages