Барномаи дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
Submitted by Administrator on Mon, 10/04/2021 - 09:221. Барномаи дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (минбаъд – Барнома) ба баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва паст намудани шиддати коррупсия дар кишвар нигаронида шуда, бо мақсади иҷрои банди 1 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.