Моҳи Рамазон моҳи одоб аст
Submitted by admin on Thu, 05/31/2018 - 13:33Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули акрам (с) фазилат ва қадру манзалати рӯзаро баён намуда фармуданд: Савоби ҳар як амали одамӣ аз даҳ то ҳафсад баробар афзуда мешавад, яъне дар мавриди аъмоли хайри ин уммат қонуни оми илоҳӣ аст, ки аҷри як некӣ ба лиҳози умматҳои пешин ҳадди ақал даҳ баробар хоҳад шуд ва гоҳе авқот дар асари ҳолоти хоси амалкунанда аз назари ихлос ва тарси илоҳӣ ва ғайра беш аз бандагон, мақбули ҳафтсад баробар дода хоҳад шуд. Пас Расули акрам (с) ин қонуни оми раҳмати илоҳиро зикр фармуд.