Хабар

Tajik

БАРГУЗОРОРИИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ ВОБАСТА БА ДУНЯВИЯТ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАҲКИМИ ТАҲАММУЛПАЗИРИИ ДИНӢ

Имрӯз, 17-уми май бо ташаббуси Донишкадаи исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа бо иштироки доираи васеи олимону муҳаққиқон ва устодону донишҷӯён таҳти унвони «Дунявият ҳамчун принсипи конститутсионӣ ва нақши он дар таҳкими таҳаммулпазирии динӣ ва пешгирии ифротгароӣ» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

ОЁ ВОҚЕАН РАВОДИДИ САФАРИ ҲАҶҶИ УМРА РОЙГОН АСТ?

Масъалаи сафарбаршавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои адои ҳаҷҷи умра чанд вақт аст, ки дар расонаҳои иттилоотӣ инъикосу баҳс мешавад. Аз ҷумла, радиои “Озодӣ” бо истинод ба сухани “як роҳбалади ширкати “Расул сохтмон” навишта буд, ки аз ҳар як довталаб барои пардохти арзиши раводиди умра 500 доллари амрикоӣ ситонида мешавад. Ба ин гузориш Сафорати Шоҳигарии Арабистонии Саудӣ дар Тоҷикистон вокуниш нишон дода, сароҳатан иброз дошт, ки раводиди ҳаҷҷи умра ройгон аст. Табиист, ки гузориш ва вокуниши болозикр суолеро матраҳ намуд: Воқеият чист? Оё воқеан раводиди ҳаҷҷи умра ройгон ас?

БА МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН КУМАКИ МОДДӢ РАСОНИДА ШУД

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа, махсусан ятимону бепарасторон дар арафаи Соли нав аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 35 нафар ятими кулли Мактаб-Интернати ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Қубодиён кумаки моддӣ расонида шуд.

ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Имрӯз кормандони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишварро ба таври дастаҷамъона тамошо намуданд.

Pages