ТАФРИҚААНДОЗ БА МАҚСАД НАМЕРАСАД
Submitted by admin on Tue, 12/18/2018 - 15:33Ҳамагӣ 10 рӯз пештар зарурати сафар ба ВМКБ пеш омад. Хатсайри мо аз пойтахти кишвар шаҳри Душанбе то шаҳри Хоруғ-маркази ВМКБ ба воситаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон сурат гирифт. То ноҳияи Дарвоз роҳҳои мошингард ва купрукҳо бо сифати баланд таъмиру таҷдид шуда, мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд, ки исботи сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи амаликунонии се стратегияи миллии муваффақ, ки якеи он аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар мебошад, дарак медод.