Хабар
МУРОҶИАТНОМАИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР
Submitted by Administrator on Tue, 07/28/2020 - 16:03Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми шарифу сарбаланди кишварро бо фаро расидани Иди Қурбон табрику таҳният мегӯяд. Бо қарори Шӯрои уламо таҷлили Иди Қурбон рўзи 31 июли соли 2020 муқаррар шудааст. Бинобар сабаби паҳншавии бесобиқаи бемории сироятии короновирус дар ҷаҳон, ҷиҳати эмин нигоҳдоштани аҳолии кишвар аз сирояти бештари он, тибқи фатвои Раёсати Шӯрои уламо намози Иди Қурбон баргузор намегардад.
СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: ДАР ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОРИИ ҲАМА ГУНА ҶАМЪОМАДҲО, ГАШТУГУЗОРҲО ВА ИНЧУНИН ИДГАРДАК ДАР РӮЗИ ИДИ ҚУРБОН МАНЪ МЕБОШАД
Submitted by Administrator on Mon, 07/27/2020 - 17:52Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинони мамлакат мерасонад, ки бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа, таъмини бехатарии аҳолӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии мавҷи дуюми ин бемории сироятӣ дар Тоҷикистон баргузории ҳама гуна ҷамъомадҳо, гаштугузорҳо, инчунин идгардак дар рӯзи иди Қурбон манъ мебошад.
ШУМОРАИ ИШТИРОКДОРОН ДАР ТӮЙҲОИ ДОМОДИВУ АРӮСӢ НАБОЯД АЗ 30-40 НАФАР БЕШТАР БОШАД
Submitted by Administrator on Fri, 07/24/2020 - 17:00Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар асоси супориши протоколии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус минбаъд тӯйҳои домодиву арӯсӣ дар доираи оила, бо иштироки шумораи камтарини одамон баргузор карда мешавад.
БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТИИ КУМИТА
Submitted by Administrator on Wed, 07/22/2020 - 11:53Имрӯз, 22-юми июли соли 2020 дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази матбуотии ҷумҳуриявии АМИТ “Ховар” нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар шаш моҳи аввали соли 2020 баргузор гардид.