Хабар

Tajik

“ИСЛОМ” ВА “ДЕМОКРАТИЯ”-И ТЭТ ҲНИ

Мардуми хирадманду фозил ва сабури тоҷик имрӯз бори дигар шоҳиди он мегарданд, ки гурӯҳҳои ифротгаро, ки зери як «Паймон» аҳд бастаанд ва аз режими пешгирифтаи хеш, ки аз ваҳшоният ва поймол намудани ҳуқуқҳои фитрии инсон иборат аст, ҳоло ҳам даст кашиданӣ нестанд. Айни замон дар кишвари Олмон ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом, ки дар дафтари аъмоли он 146 адад ҷиноятҳои характери экстремистӣ-террористӣ сабт гардидааст, барои пиёда сохтани ақида ва афкори ғализи хеш мустақар гардидааст.

АБӮҶАҲЛУ АБӮЛАҲАБ, МУСАЙЛАМАВУ КАБИРӢ. ЯК СИЁСАТ ДАР ДАВРАҲОИ МУХТАЛИФ

Дар ҳар давру замон тоифае вуҷуд дорад, ки салоҳи ҷомеаро намехоҳад ва баҳри расидан ба манфиатҳои худ аз ҳар васила истифода мекунад. Агар мо ба таърихи ислом рӯ оварем, мебинем, ки таърих гувоҳи садҳо тафриқа, иғво, гурӯҳбозӣ, паймоншиканӣ, рехтани хуни ноҳақ ва вайрониву нобудии кишварҳо ва ҳатто тамаддунҳо мебошад.

Чун Худованди тавоно Ҳазрати Муҳаммад (с)-ро мабъус сохт ва аҳли оламро бо нури ислом манаввар гардонид, иддае изҳори норозигӣ карданд ва роҳи тафриқа, бадбинӣ ва душманиро пеша намуданд.

ТАВБАШИКАСТАГОН (дар ҳошияи “Тавба”-и Додоҷони Атовулло)

Номи Додоҷон Атоулоев барои калонсолон ошно буда, шояд ҷавонон надонанд, ки  ӯ аз ҷумлаи аввалин  рӯзноманигороне буд, ки бо расидани боди бозсозиҳои Горбачёвӣ дар саҳифаи рузномаи худ «Чароғи рӯз» аз демократия ва озодӣ  сухан мегуфт. Баъди оғози нооромиҳои соли 1992 ӯ низ дар ҷумлаи баъзе равшанфикрони кишвар фирефтаи найрангҳои ходимони наҳзатии ҳукуматгаро гардида, солҳои тулонӣ берун аз кишвар қарор дорад.

Аз муҳтавои маводи чопнамудаи ӯ бармеояд, ки аз пайвастан бо ин тоифа сахт пушаймон буда, имрӯз санги маломат ба сари худ мезанад.

НАМОИШИ РИЁКОРОНАИ ТАШКИЛОТИ “ИСЛОМӢ”-ИФРОТӢ

Тавре аз тариқи сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ огаҳӣ дорем, ТЭТ ҲНИ ва пайравонаш бо ташкили ҳамоишу гирдиҳамоиҳо ба амалҳои иғвоангезӣ ва мардумфиребонаи худ идома дода истодаанд.

Ташкилу роҳандозии чунин "тазоҳурот" аз ҷониби роҳбарону аъзои ТЭТ ҲНИ идомаи ҳамон равандест, ки онҳо дар солҳои аввали истиқлолият бо ин гуна ҳамоишу гирдиҳамоиҳо мардумро дар дохили кишвар ба бесарусомонӣ, бенизомӣ ва ҷангу ҷидол кашида, имрӯз ба ин кирдорҳои нангини худ дар хориҷи кишвар идома дода истодаанд.

УЗВИ ТЭТ ҲНИ БУДАН-ИН ХОИНИ ВАТАН БУДАН АСТ!

Халқи азиятдидаи тоҷик барои таҳкими Истиқлолият, нигаҳдошти якпорчагии марзу бум, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ, интихоби роҳи рушду тараққиёт Конститутсияи мамлакатро қабул кард.

Нооромиҳои сиёсии ибтидои солҳои навадуми асри гузашта тамоми фишангҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ карда буданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷӯ мекард ва Сарвари давлат пайваста талош меварзиданд, то осудагию оромӣ дар саросари мамлакат ҳукмфармо гарданд.

Pages