Имрӯз бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади бошукуҳи тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад дар радифи роҳбарият ва кормандони Кумита инчунин коршиноси масоили байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо иштирок ва перомуни зарурати ҳифзи дастовардҳои Истиқлол ва давлати миллӣ суханронӣ намуд.