Мусулмон касест, ки дар ободонии диёри худ кӯшиш мекунад ва дигаронро ба он ташвиқ менамояд. Зеро покизагӣ ва ободкорӣ нишонаи имондорӣ ва шиори дини мубини Ислом аст.
Дар ҳар давру замон мусулмонон бо тамаддуни қадима ва шаҳрҳои обод машҳур буданд ва ихтирооту иншоотҳои бузург мероси оламшумули мусулмонон аст.
Имрӯз мо низ бояд камари ҳиммат баста дар ободонии ватани худ ҳарис бошем, кӯчаву маҳаллаи худро обод намуда, онро ба гулгашту мусалло табдил диҳем. Вақти он расидааст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари мутараққӣ ва сарсабзу хуррам муаррифӣ намоем.
Худованди таъоло касбу кору меҳнати ҳалолро барои бандагонаш фарз гардонида, дар Қуръони карим мефармояд:
«Ба дурустӣ ки қавми Саборо дар масканҳояшон нишонае буд: ду бӯстон – аз ҷониби росту аз ҷониби чап. (Гуфтем:) «Ризқи Парвардигори хешро бихӯред ва Ӯро шукр гӯед, (шуморо) шаҳре покиза ва Парвардигоре Омурзанда ҳаст!»
Мегӯянд, садақаи ҷория он аст, ки мардум аз он нафъ баранд. Сохта ба истифода додани иншоотҳои ниёзи мардум аз қабили мактабу беморхона, пулу роҳҳо, обанбору нерӯгоҳҳо ҳамааш садақаи ҷория аст, ки ба инсон ҳам дар дунё ва ҳам дар охират манфиат дорад. Бинобар ин, ҳар мусулмони боимон бояд дар чунин корҳо кӯшишу ғайрат кунад.
Ҳар як мусулмони кишвар огоҳ аст, ки ҳамарӯза дар миқёси ҷумҳурӣ мардум остин барзада ба ободонии диёри азиз саҳм мегузоранд, гулгашту боғҳоро обод мекунанд, кӯчаву хиёбонҳоро тозаву озода намуда, буттаву гулҳои тоза мешинонанд. Хусусан, дар пойтахти кишвари азизамон тамоми хурду калон рӯзҳои истироҳат ба ҳашар баромада, дар обод кардани ватани азиз саҳми худро мегузоранд.
Намунаи барҷаста ва боиси пайравии ҳамагон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Пешвои миллат баҳри ободонии ватани азиз ҳамеша дар талош буда, тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳанд, то кишвари мо боз ҳам ободтар гардад.
Ҳар ҷо, ки қадами подшоҳ расад гулистон мешавад – гуфтаанд бузургон. Ҳақиқатан чун Пешвои миллат ба минтақае сафар мекунанд, он мавзеъ гулистон мешавад. Ҳамагон огоҳанд, ки Роҳбари давлати тоҷикон бо дасти худ дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан шинонда, бо ин амали худ барои ҳамагон намунаи ибрат гаштанд. Боварии комил дорем, ки баъд аз чанд сол боғҳои бунёднамудаи Пешвои миллат самараи неке ба бор меоварад.
Ҳамин тариқ бунёди даҳҳо иншоотҳои ҳаётан муҳим, ободии минтақа, сарсабзии ҳар хонадон, шодиву сурури хурду калон аз он шаҳодат медиҳанд, ки бо сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат, Тоҷикистон роҳи пешрафту тараққиётро интихоб карда, ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор мемонад.
Некиву накӯкорӣ одамонро ба ободиву бунёдкорӣ ҳидоят мекунанд. Ҳамин ободиву бунёдкорӣ аст, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар қатори дигар давлатҳои ҷаҳон мавқеи худро дорад ва ин ҳама аз дастовардҳои истиқлол аст.
Мо бояд аз хотир набарорем, ки Худованд хушбахтии ҳар халқ ва ободии ҳар кишварро ба дасти худи ӯ вогузор кардааст. Ҳар миллате, ки мехонад, медонад, кӯшиш мекунад ва заҳмат мекашад, албатта обод мешавад, зеро Қуръони карим фармудааст: «Худо ҳолатеро, ки ба қавме бошад, тағйир намедиҳад, то вақте ки онҳо (худ) он чиро, ки дар замирашон аст, тағйир диҳанд».
Пас моро лозим аст, ки ба тағйир ва такмили замири худ дар хештаншиносиву ватандорӣ рӯ оварем.
Аз ин рӯ, ҳамаи моро зарур аст, ки бо меҳнати ҳалол зиндагӣ намуда, дар тарбияи фарзандон ва ободии ватани худ саҳмгузор бошем. Зеро ободонӣ, бунёдкорӣ, сохтмони иншоотҳои барои мардум муфид яке аз таълимоти Қуръони карим аст.
Мо бояд шукронаи ин ҳама неъматҳои илоҳӣ кунем. Шукрона аз он кунем, ки дар фазои амну оромӣ ва озодию якдигарфаҳмӣ ибодатҳои худро адо менамоем. Шукрона кунем, ки Ватан дорем ва моро дар тамоми дунё бо фарҳанги ғании тоҷикиамон мешиносанд ва қадр мекунанд. Набояд фаромӯш кард, ки ин ҳама озодиҳо ва дастовардҳо ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ фароҳам омадааст ва чун гавҳараки чашм онро бояд ҳифз намоем.
Маркази исломии
Ҷумҳурии Тоҷикистон