21 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа бо Мудири бахши сармоягузории ширкати “Диёри Қатар” Аҳмад Муҳаммад Тайиб мулоқот карданд.
Дар рафти мулоқот масоили ҳамкорӣ бо ширкат дар самти амалисозии лоиҳаи бунёди шаҳраки “Диёри Душанбе” ва як қатор иншооти муҳим баррасӣ гардид.
Татбиқи саривақтии марҳилаҳои дигари бунёди шаҳрак дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе зарур шумурда шуд.
Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки бо дарназардошти беҳтар шудани шароити иҷтимоию иқтисодӣ талаботи аҳолии кишвар ба инфрасохтори замонавӣ, аз ҷумла манзилҳои зист ва таъсиси марказҳои савдои замонавии бузург дар Тоҷикистон афзоиш меёбад.
Ҷалби сармояи ширкати қатарӣ ҷиҳати бунёди иншооти иҷтимоӣ ва рушди зерсохтори сайёҳӣ дар кишвари мо барои ҷонибҳо судманд арзёбӣ гардид.